Гардиши мол байни Тоҷикистону Русия дар семоҳаи аввал 13% афзуд

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Русия аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2023 ба андозаи 13% афзуда, тамоили устувори афзоишро дорад. Дар ин бора имрӯз муовини раиси ҳукумати Русия Марат Хуснуллин зимни вохӯрӣ бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Душанбе изҳори назар кард. “Дар соҳаи иқтисод Русия ба сафи шарикони пешсафи Тоҷикистон дохил […]

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Русия аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2023 ба андозаи 13% афзуда, тамоили устувори афзоишро дорад. Дар ин бора имрӯз муовини раиси ҳукумати Русия Марат Хуснуллин зимни вохӯрӣ бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Душанбе изҳори назар кард.

“Дар соҳаи иқтисод Русия ба сафи шарикони пешсафи Тоҷикистон дохил буда, дар зарфи як сол гардиши мол зиёда аз 18% ва аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи аввал 13% афзуд ва инчунин тамоили устувори афзоишро дорост”, – гуфт Хуснуллин.

Бино ба маълумоти ӯ, ҳаҷми сармоягузориҳои азхудшудаи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 130 млрд рублро ташкил дода, беш аз 300 ширкат бо иштироки Русия дар бозори ҷумҳурӣ кор мекунанд, хабар медиҳад ТАСС.

“Мо самимона ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ манфиатдорем”, – таъкид доштааст муовини сарвазир.

Дар навбати худ Расулзода зикр кард, ки самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар савдо, саноат, энергетика, нақлиёт, бахши кишоварзӣ ва маориф мебошанд.

"Шодем, ки ақидаҳои мо асосан ба ҳам мувофиқанд, ин рӯзҳо машғули корем, гурӯҳҳо кор мекунанд ва аллакай натиҷаҳои амалӣ мавҷуданд", – гуфт ӯ.

Муовини нахуствазири Русия рӯзи 19 июн ба Душанбе омада, бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид кард. Зимни мулоқот бо раиси палатаи болоии парлумон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ масъалаи таъсиси маркази таълимии монанд ба “Сириус”-и Русия дар Душанбе баррасӣ шуд.

Ғайр аз ин, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, дар бораи якчанд маротиба афзудани вуруди сайёҳони русиягӣ ба ҷумҳурӣ тавофуқ ҳосил шудааст. Хуснуллин дар ин бора зимни посух ба саволи ТАСС хабар додааст.

“Аз масоили нав мо назди худ вазифа гузоштем, ки теъдоди сайёҳонро чандин маротиба зиёд кунем”, – иброз доштааст Хуснуллин.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон барои сафарҳои сайёҳон аз Русия ба Тоҷикистон вақти мусоид аст.

“Ҳамчунин боз маҷмӯи мукаммали тадбирҳоро ба нақша гирифтем”, – илова намудааст Марат Хуснуллин.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.