Дар Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ Тоҷикистонро 3 варзишгар намояндагӣ мекунанд

Тоҷикистонро дар Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ – Берлин 2023 (Special Olympics World Games) 3 варзишгар дар ду намуди варзиши сабук – давидан ва тениси рӯи миз намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад. Ин бозиҳо аз 17 то 25-уми июни соли 2023 дар шаҳри Берлин баргузор мешавад ва дар он […]

Тоҷикистонро дар Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ – Берлин 2023 (Special Olympics World Games) 3 варзишгар дар ду намуди варзиши сабук – давидан ва тениси рӯи миз намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад.

Ин бозиҳо аз 17 то 25-уми июни соли 2023 дар шаҳри Берлин баргузор мешавад ва дар он ҳудуди 7000 варзишгари риштаи варзиши сабуки дорои маълулияти рӯҳӣ ва норасоии шадиди зеҳнӣ аз 180 кишвари мухталиф дар 26 намуди варзиш иштирок хоҳанд кард.

Он расман рӯзи 17-уми июни соли 2023 бо ширкати Франк-Валтер Штайнмайер, Президенти Олмон, Олаф Шолтс, Канслери Федералии Олмон дар ҳузури тақрибан 50 ҳазор меҳмон дар варзишгоҳи олимпии Берлин оғоз гардид.

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон низ дар маросими расмӣ ҳузур дошт ва варзишгарони тоҷикро ҳангоми гузашти умумӣ истиқбол карда, ба онҳо комёбӣ таманно намуд.

Нахустин Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ соли 1968 дар Чикагои ИМА доир гардида, ҳамакнун мусобиқаҳо дар чор сол як маротиба дар кишварҳои мухталиф гузаронида мешаванд.

Бозиҳои умумиҷаҳонӣ бузургтарин чорабинии бисёрсоҳавӣ дар Олмон пас аз Бозиҳои олимпии соли 1972 дар Мюнхен буда, маротибаи аввал дар Олмон баргузор мешавад.

Бозиҳои умумиҷаҳонӣ таваҷҷӯҳи бештарро ба татбиқи амалии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон ҷалб карда, имкони иштироки бештари маъюбонро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва махсусан дар варзиш фароҳам меоварад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.