Шӯрои Федератсияи Русия қонун дар бораи қабули зиндониён ба хидмат тибқи қарордодро маъқул донист

Шӯрои Федератсияи Русия қонун дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардани шахсони қарордод имзокардаро дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ якдилона тасдиқ кард. «Қонун муқаррар кардааст, ки шахсоне, ки барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шартнома бастаанд, метавонанд аз рӯзи сарфароз гардонидан бо мукофоти давлатӣ дар давраи хидмати ҳарбӣ, аз рӯзи аз хидмати […]

Asia-Plus

Шӯрои Федератсияи Русия қонун дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардани шахсони қарордод имзокардаро дар давраи сафарбарӣ ва ҳолати ҷангӣ якдилона тасдиқ кард.

«Қонун муқаррар кардааст, ки шахсоне, ки барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шартнома бастаанд, метавонанд аз рӯзи сарфароз гардонидан бо мукофоти давлатӣ дар давраи хидмати ҳарбӣ, аз рӯзи аз хидмати ҳарбӣ озод шудан бо сабаби вазъи саломатӣ, аз рӯи синнусол ва ё дар робита ба анҷоми сафарабрӣ ва замони ҷанг, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё ҷазои ҷиноятӣ озод карда мешаванд”, – гуфтааст Андрей Клишас, раиси Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ ва сохтмони давлатӣ дар ҷаласаи Шӯрои Федератсия. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.

Ин ба ҷиноятҳое дахл дорад, ки то эътибор пайдо кардани қонун содир карда шудаанд.

Чанде пеш ин қонунро Думаи давлатӣ қабул карда, акнун онро бояд президент Владимир Путин ба имзо расонад.

Қонун ба даъвати шаҳрвандони дорои доғи судӣ дар давраи вазъияти ҳарбӣ ё сафарбарӣ иҷоза медиҳад, ба истиснои шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин содир кардаанд, масалан, барои терроризм, хиёнат ба давлат ё ҷосусӣ маҳкум шудаанд.

Қонун инчунин ба имзои қарордод бо шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ҷазоро адо кардаанд, агар доғи судиашон бардошта ё бекор шуда бошад, инчунин бо шахсоне, ки ҷиноятхои начандон вазнин ё миёна содир кардаанд, агар тафтиши пешакӣ боздошта шуда бошад, иҷоза медиҳад.

Дар низоъ бо Украина дар ҳайати Русия маҳкумшудагоне иштирок мекунанд, ки бо ширкати хусусии низомии «Вагнер» шартнома бастаанд. Муассиси “Вагнер” Евгений Пригожин моҳи май изҳор дошта буд, ки ширкат дар маҷмӯъ 50 ҳазор маҳбусро ҷалб кард, ки 20% (10 ҳазор) аз онҳо фавтидаанд. Ба қавли вай, то нимаи моҳи июн 32 ҳазор нафари ҷалбшуда ба хона баргаштаанд. Моҳи феврал Пригожин эълон кард, ки ҷалби маҳбусон ба “Вагнер” қатъ шудааст.

Андрей Клишас шарҳ дод, ки қонуни қабулкардаи Дума ва Шӯрои Федератсия ба ширкатҳои хусусии низомӣ дахл надорад, зеро сухан дар бораи онҳое меравад, ки бо Қувваҳои Мусаллаҳи Русия шартнома бастаанд.

Аз тирамоҳи соли гузашта дар Русия ба сафарбарии афроди доғи судиашон набардошта ё бекорнашуда барои ҷиноятҳои вазнин иҷоза шуд. Ҷосусӣ, ошӯби мусаллаҳона, хиёнат ба давлат, барангехтани кинаву адоват, таҳқири шаъну шарафи инсон ва дигар ҷиноятҳои вазнин истисно мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.