РВКД сабаби сӯхтор дар мактаби рақами 71-и пойтахтро шарҳ дод

Шоми дирӯз, 22-юми июн дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад. Тавре ки Раёсти ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, барои пурра хомӯш намудани алангаи оташ аз ҳисоби ҷузъу томи мақомоти милитсияи пойтахт 125-нафар, аз ҳисоби сохторҳои оташнишонӣ 150-нафар, 16-адад нақлиёти оташнишонӣ ва 18-адад нақлиёти обкашонӣ (водовоз) […]

Asia-Plus

Шоми дирӯз, 22-юми июн дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.

Тавре ки Раёсти ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, барои пурра хомӯш намудани алангаи оташ аз ҳисоби ҷузъу томи мақомоти милитсияи пойтахт 125-нафар, аз ҳисоби сохторҳои оташнишонӣ 150-нафар, 16-адад нақлиёти оташнишонӣ ва 18-адад нақлиёти обкашонӣ (водовоз) сафарбар карда шуданд. Талафоти ҷонӣ нест.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа, сӯхтор дар масоҳати 1500 метри мураббаъ пурра хомӯш карда шуд.

Гуфта мешавад, тибқи санҷишҳои пешакӣ сӯхтор дар натиҷаи оташ гирифтани дастгоҳи ҳавосардкунак (кондитсионер), ки дар ошёнаи дуюми муассисаи мазкур, дар толори маҷлисгоҳ насб карда шудааст, ба миён омадааст.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, сабабу омилҳо ва зарари он пурра муайян карда хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.