Дар сохтори ИДМ Шӯрои роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовар таъсис дода мешавад

Date:



           

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сохтори иттиҳод таъсис додани Шӯрои роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаоварро ба нақша гирифтанд.





           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносони ин соҳа, ки рӯз 24-уми март дар шаҳри Минск доир гардид, чунин тасмим гирифта шудааст.




           

Гуфта мешавад, дар ҷаласа намояндагони давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва ҳамчунин намояндагони Шӯрои вазирони умури дохилӣ, Шӯрои роҳбарони сохтори амният ва хадамоти махсус, Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонӣ ва Кумитаи иҷроияи иттиҳод ширкат варзиданд.




           

Тибқи иттилои манбаъ, гурӯҳи коршиносон лоиҳаи Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовар дар доираи иттиҳодро таҳия намудааст ва он ҷиҳати коркарди минбаъда ба мақомоти дахлдори кишварҳои узв ирсол мегардад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...