Дар пасманзари баланд шудани нархи сӯзишворӣ дар кишвар эҳтимол аст, қиммати роҳкирои нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашӣ ва таксиҳо ҳам боло биравад. Зеро бештари ронандагони нақлиёт аз хароҷоти зиёду зарар диданашон шикоят мекунанд.
Ҳаммакнун, таксиҳои ба истилоҳ “3 сомона”, ки баъдан 5 сомонӣ шуданд, ҳоло 7 сомонӣ кирои роҳ мегиранд.
“Душанбенақлиётхадамотрасон”: Барои тағйири нарх пешниҳод шудааст
Сардори МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” Ҳамзаалӣ Ғаниев гуфт, ки шуъбаи нақлиёти шаҳрдории Душанбе ба Вазорати нақлиёт дар бораи бознигарии нархи нақлиёти ҷамъиятӣ пешниҳод манзур кардааст ва баъди баррасӣ бо ниҳодҳои масъул, махсусан Хадамоти зиддиинҳисории кишвар ин масъала ниҳоӣ хоҳад шуд.
– Тарифи нақлиёт дар сатҳи Вазорати нақлиёт ва дигар ниҳодҳо ҳал мешавад. Бубинем, хулосаи вазорат дар робита ба ин масъала чӣ мешавад. Ҳоло баррасиҳо идома дорад. Ин пешниҳод дар робита ба гароншавии нархи сӯзишворӣ дар кишвар манзур шуд. Ҳоло дар баррасӣ аст ва ягон хулосаи дақиқ нашудааст,-гуфт Ғаниев.
Ӯ гуфт, ки аллакай, баландшавии нархи сӯзишворӣ, имкони хароҷоти барои баъзе корҳои муассиса, аз ҷумла харидории қисмҳои эҳтиётиро намедиҳад.
Шуъбаи нақлиёти шаҳрдорӣ: Ҳоло чизе пешниҳод нашудааст
Вале сардори шуъбаи нақлиёти шаҳрдории Душанбе Хайрулло Камолов мегӯяд, онҳо дар робита ба боло бурдани андозаи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ ба Вазорати нақлиёт пешниҳоде манзур накардаанд ва ин чиз ҳоло дар назар ҳам нест.
– Аслан, барои баланд намудани нархи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ мо ба Вазорати нақлиёт пешниҳод манзур намекунем. Мо танҳо дар асоси хулосаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ метавонем нархи роҳкироро дар нақлиёти ҷамъиятӣ бозбинӣ кунем. То ба ҳол чунин иқдоме аз ҷониби мо сурат нагирифтааст,-гуфт Камолов.
Шаҳрдорӣ: Вазъро таҳлил карда истодаем
Дар робита ба ин масъала, як масъули баландпояи танзими кори нақлиёт дар шаҳрдорӣ гуфт, ки дар пасманзари баланд шудани нархи сӯзишворӣ дар кишвар масъалаи баланд кардани нархи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятиро таҳлил ва омӯхта истодаанд.
Ба гуфтаи вай, воқеан баландшавии нархи сӯзишворӣ ба вазъи молиявии корхонаҳои соҳаи нақлиёт таъсир мерасонад ва ин масъала дар ҳоли таҳлил ва баррасии шаҳрдорӣ аст.
– Нархи сӯзишворӣ баланду паст мешавад, вале мо наметавонем, ҳар боре, ки нархи сӯзишворӣ баланд шуд, нархи роҳкироро бардорем ва паст шуд, боз поин кунем,-гуфт ин манбаъи мо.
Ширкатҳои таксӣ: Ронандагон талаб доранд, нархро бардорем
Дар баробари нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксиҳои ба истилоҳ “5-сомона” дар Душанбе, шумори зиёди ширкатҳои таксӣ фаъолият мекунанд.
Масъулини ин ширкатҳо мегӯянд, аллакай, ронандагон дар мавриди зарар диданашон аз гароншавии маводи сӯхт ба ҷайбашон изҳори норозигӣ кардаанд ва масъалаи баланд намудани нархи роҳкирои ин таксиҳо дар ҳоли баррасӣ аст.
Як масъули ширкати “Рахш такси”” гуфт, ки ҳоло дар бораи тағйири нархи роҳкиро суҳбате нест ва онро Хадамоти зиддиинҳисорӣ муайян мекунад. Вале гуфт, ки нархҳои имрӯза хароҷоти ронандагонро намепӯшонад ва онҳо “азоб кашида истодаанд”.
– Ронандагон 24 соат дар сари чанбараи мошин мешинанд, 40-50 сомонӣ маблағ мемонад. Ин маблағро худашон хӯранд, ба хонааш баранд?! Хело вазъашон бад аст,-гуфт ин масъули ширкат.
Масъули ширкати “Олуча такси” Дилбар Абдуллоева ҳам гуфт, ки ронандагон дар мавриди баланд шудани нархи сӯзишворӣ ва бозбинии нархи роҳкиро ба онҳо муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи ин масъули ширкат онҳо барои кӯмак ба ронандагон нархи иҷора ё хизматрасонии ширкатро ба ронандагон арзон кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ин ба хотири баланд набардоштани нархи роҳкиро ва кӯмак ба ронандагон аст.
Вай ҳам таъйид кард, ки то ҳол дар мавриди боло бурдани таърифаҳои нақлиёт дар ширкат арзёбиҳо идома дорад ва ҳоло ниҳоӣ нашудааст.
– Ба ҳамагон маълум аст, ки баландшавии охири нархи сӯзишворӣ барои ронандагон чӣ қадар мушкил аст. Ронанда, ки бояд фармоиши мушатриро иҷро кунад, фармоиш аз хароҷоти ронанда зиёдтар меафтад. Барои гум накардани муштариён, роҳбарият тасмим гирифт, ки маблағеро, ки ронандагон барои хизматрасонӣ ба ширкат месупоранд, кам намоянд. Ин то ба эътидол овардани нархи сӯзишворӣ аст,-гуфт Абдуллоева.
Дар минтақаҳо, аллакай, гарон шудааст
Масъалаи баланд шудани нархи роҳкирои нақлиёти мусофиркашӣ дар ҳолест, ки аллакай дар бархе минтақаҳои кишвар нархи роҳкирои нақлиёт баланд шудааст ва аҳолӣ аз ин нигаронанд. Масалан, дар робита ба ин, дар шаҳри Хуҷанд ҳаққи хидматрасониҳои таксиҳои сари роҳ боло рафта, ба арзиши роҳкирои бархе хатсайрҳо таъсир гузоштааст: Нархи таксиҳо дар дохили шаҳри Хуҷанд 5 сомонӣ ва “Истаравшан-Хуҷанд” то 10 сомонӣ боло рафтааст. Мусофирони самти Турсунзода-Душанбе ҳам шикоят карданд, ки субҳи имрӯз, 11 август бо нархи 25 сомонӣ то ба Душанбе омадаанд. Ҳоло он ки як ҳафта пеш, ба гуфтаи онҳо бо 10-15 сомонӣ то ба Душанбе ва баръакс мерафтанд. Роҳкирои таксиҳои самти ноҳияиҳои минтақаи Кӯлоб ҳам то 20 сомонӣ боло рафтааст.
Нархи роҳкиро аз Душанбе ба ВМКБ ҳам то 50 сомонӣ боло рафтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.