Дар Тоҷикистон тартиботи нави додани иҷозатномаи кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ мегардад



           

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон шурӯъ аз

имрӯз

ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони шаҳрвандӣ надошта тартиботи нави додани иҷозатномаи кор ҷорӣ мегардад.





           

Чӣ тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, акнун барои ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима пешбинӣ шудааст, ки он барои шахсони воқеӣ дар ҳаҷми аз 30 то 50, шахсони мансабдор – аз 70 то 100 ва шахсониҳуқуқӣ – аз 250 то 300 музди меҳнати

ҳадди

аққал муқаррар гардидааст.




           

Ба ақидаи коршиноси мустақил Абдулло Қурбонов, тартиботи нав ба танзими раванди муҳоҷират, ҳифзи бозори дохилии меҳнат, назорати қувваи корӣ аз хориҷи кишвар ва воридоти зиёди маблағ ба буҷа мусоидат хоҳад кард.




           

Тибқи маълумоти хадамоти муҳоҷират, агар соли 2007 ҳудуди 30 ҳазор мутахассисони хориҷӣ вориди Тоҷикистон гардида бошанд, пас ин шумора дар соли гузашта ба 62 ҳазор нафар расидааст. Соли 2008 барои будубоши ғайриқонунӣ 968 нафар шаҳрванди хориҷӣ ҷазои маъмурӣ гирифта, 186 нафарашон ба ватан фиристода шуда буданд.




 



spot_imgspot_img

Популярное