“Бо чашмони пур аз об”. Эҳсосоти ҳоҷиён пас аз бозгашт ба Ватан

Date:

Субҳи имрӯз нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик дар ҳайати 165 нафар аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргаштанд. Онҳо беш аз 20 рӯз дар шаҳри Макка ва 3 рӯзи охир дар шаҳри Мадина маносики ҳаҷро адо карданд.

Ҳоҷиёни тоҷикро намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, ки дар кишвар Арабистони Саудӣ ҳамраҳӣ мекарданд, шаби гузашта аз шаҳри Мадина гусел карданд ва намояндагони дигар дар шаҳри Душанбе истиқбол гирифтанд.

“Азия-Плюс” ба истиқболи зоирини хонаи Худо рафт ва тассуроташонро аз ин сафар пурсон шуд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Имсол беш аз 4 ҳазору 500 нафар тоҷикистониён барои адо кардани маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд. Ҳама ҳоҷиёни тоҷик то рӯзи 18-уми июл бармегарданд.

Дар ин инфографикаи мо метавон дид, ки тайи 5 соли ахир чӣ теъдод шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои адои маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафтаанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол беш аз 2 миллиону 600 ҳазор мусулмон аз саросари ҷаҳон барои иҷрои маросими ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд. Ин теъдод, пас аз пандемияи каронавирус, нишондиҳандаи рекордӣ ба ҳисоб меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...