“Барои ислоҳот дар низоми молияи давлатӣ, бозори меҳнат ва муҳоҷират”. Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон 30 млн евро ҷудо мекунад

Date:

Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи “Таҳсилот ва тайёрии техникӣ/касбӣ ва Барномаи дастгирии буҷети соҳаи шуғл” ба Тоҷикистон 30 миллион евро ҷудо мекунад. Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дирӯз, 11-уми июл, маросими баимзорасонии созишномаи молиявӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шудааст.

Созишномаи мазкурро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Раймундас Кароблис, роҳбари Намояндагӣ, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба имзо расонидаанд.

“Ҳадафи асосии Барнома амалӣ намудани ислоҳот дар низоми идоракунии молияи давлатӣ, таъмини шаффофияти буҷетӣ ва буҷетикунонии барномавӣ, дастгирии низоми таҳсилоти техникӣ/касбӣ, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷиратро дар бар мегирад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, маблағе, ки тибқи ин созишнома пешниҳод мегардад 30 миллион евроро ташкил мекунад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Иттиҳодияи Аврупо яке аз созмонҳои кӯмакрасони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамкорӣ мекунад. Аз ҷумла, ин созмон ҷандин лоиҳаро барои рушди фарогири деҳоту бахши кишварзӣ амалӣ намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...