Мансабдорони Тоҷикистон аз фаъолияти нимсолаи ниҳоди зертобеъи худ ба рӯзноманигорон гузориш медиҳанд

Дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2023 нишастҳои матбуотӣ ташкил ва баргузор карда мешавад. Тавре ки АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ тасдиқ карда шуда, дар асоси он нишастҳои матбуотӣ 26 июл оғоз мегарданд […]

Asia-Plus

Дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2023 нишастҳои матбуотӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

Тавре ки АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ тасдиқ карда шуда, дар асоси он нишастҳои матбуотӣ 26 июл оғоз мегарданд ва то 15 август идома меёбанд.

Гуфта мешавад, намояндагони воситаҳои ахбори омма зимни нишастҳои матбуотӣ имкон доранд оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 маълумоти бештар гиранд.

Ба иттилои манбаъ, шахсони масъули вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта бояд вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ “Ховар” тариқи телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа кунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳамарӯза дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо баъдан ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба баргузор мешаванд.

Дар супориши мазкур зикр шудааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст