Ба ҳукми Бузургмеҳр Ёров боз 10 сол илова гардид

Date:

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонии тоҷикро бо ҷурми нави “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” ба даҳ соли дигари зиндон маҳкум кардааст.

Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода, менависад, ки мурофиа рӯзи 10-уми июл таҳти раёсати додраси Додгоҳи шаҳри Ваҳдат дар Боздоштгоҳи рақами 1-и пойтахт баргузор шудааст. Наздикони адвокати зиндонӣ гуфтаанд, мурофиа бидуни ҳузури онҳо гузашт.

Мақомот дар бораи мурофиа ва ҳукм расман иттилое надодаанд.

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ва масъули бунёди “Бузургмеҳр” ба ин расона гуфтааст, ки ҳукм “бераҳмона” аст.

“Махфӣ баргузор кардани мурофиа як туҳмат ва бо зӯр таҳмил кардани ҷурме аст, ки Бузургмеҳр накардааст. Бузурмеҳр адвокат надошт ва азбаски мурофиа пӯшида гузашт, аз ҷузъиёти мурофиа хабар надорем. Хабаре, ки дастрас кардем ин аст, ки аз ин 10 соли зиндон 2 солашро дар Боздоштгоҳи пӯшида ва 8 соли боқимондаро дар маҳбаси Ёвон адо хоҳад кард”, – афзудааст Ҷамшед Ёров.

Гуфтан ба маврид аст, ки алайҳи Бузургмеҳр Ёров дар асоси шикояти Ҳасан Ҳасанов, як зиндонии маҳбаси “Ваҳдат” парвандаи нави қаллобӣ кушода буданд. Ҳасан Ҳасанов даъво кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров бо ваъдаи озодӣ аз маҳбас аз ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст.

Қаблан Бузургмеҳр Ёров дар як номааш аз зиндон даъвои Ҳасан Ҳасановро тӯҳмат номида буд.

Ёдовар мешавем, ки Бузургмеҳр Ёров яке аз вакилони дифои саршиноси тоҷик аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ дар маҳбас қарор дорад. Ӯро барои “қаллобӣ”, “сохтакорӣ”, “таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд” гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум кардаанд. Бар асоси қонуни афв чаҳор сол муҳлати ҳабсаш кам шудааст.

Худи Бузургмеҳр Ёров ҳамеша ба бегуноҳии худ таъкид кардааст ва ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ номидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...