Дар Тоҷикистон тартиби нави додани шаҳодатномаи саҳми замин тасдиқ шуд

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Tapтиби нави додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Шаҳодатномаи саҳми заминро тасдиқ кард. Ин иқдом метавонад ба коҳиши сатҳи коррупсия дар соҳаи идораи замин мусоидат намуда, ҳуқуқҳои раисони хоҷагиҳои деҳқониву фермериро, ки ҳуқуқҳои аъзои хоҷагиҳоро поймол мекунанд, маҳдуд созад. Ҳадаф аз қабули санади нав танзими муносибатҳои […]

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Tapтиби нави додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Шаҳодатномаи саҳми заминро тасдиқ кард.

Ин иқдом метавонад ба коҳиши сатҳи коррупсия дар соҳаи идораи замин мусоидат намуда, ҳуқуқҳои раисони хоҷагиҳои деҳқониву фермериро, ки ҳуқуқҳои аъзои хоҷагиҳоро поймол мекунанд, маҳдуд созад.

Ҳадаф аз қабули санади нав танзими муносибатҳои марбут ба саҳми замин дар хоҷагиҳои фермерии ҷумҳурӣ мебошад.

Тавре ки дар Кумитаи идораи замин шарҳ медиҳанд, тартиби нав барои амалисозии ҳуқуқ ба истифодаи замин, таъсиси хоҷагиҳои фермерӣ, муайян кардани андозаи қитъаи замин ва саҳми замин, инчунин ҳалли мушкилот дар ин соҳа шароити муосид фароҳам меорад.

Шаҳодатномаи саҳми замин санадест, ки дар он ҳиссаи узви хоҷагии фермерӣ дар фонди умумии замини Хоҷагии фермерӣ-деҳқонӣ муайян карда мешавад.

Тавре ки маълум аст, пас аз таҷдиди сохтори ташкилотҳои соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон шумори хоҷагиҳои фермерӣ ба таври назаррас зиёд шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омор, то аввали соли 2023 дар Тоҷикистон зиёда аз 172 ҳазор хоҷагии фермерӣ-деҳқонӣ амал мекарданд.

Ин хоҷагиҳои фермерӣ аз ҳиссаи заминҳое иборатанд, ки тибқи қонун ба ҳамаи аъзои хоҷагӣ тааллуқ доранд. Лекин дар амал роҳбарони хоҷагиҳо бо истифода аз мансаб бидуни ягон асос тариқи тартиб додани ҳуҷҷатҳои сохта аъзои хоҷагиро аз ҳиссаашон маҳрум карда, ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандонро ба истифодаи замин риоя намекунанд.

Дар ин робита атрофи мансубияти замин баҳсҳои зиёде ба миён меоянд. Масалан, агар яке аз аъзои хоҷагӣ аз раиси он саҳм (ҳисса)-и худро барои мустақилона пеш бурдани корҳо дар хоҷагии худ ё таъсис додани хоҷагии нав талаб кунад, инро ба ӯ рад мекунанд.

Дар натиҷа ҳамаи замини собиқи колхоз ба дасти раиси хоҷагиҳои фермерӣ гузашта, собиқ колхозчиён бошанд, бе замин мемонанд ва ба муҳоҷират рӯ меоранд.

“Ҷорисозии тарӣтиби нави додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани Шаҳодатномаи саҳми замин барои мусоидат ба ҳалии мушкилоти саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ муҳим аст. Роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ ва мансабдорони мақомоти маҳаллӣ наметавонанд худсарона аъзои хоҷагиро аз саҳми заминашон маҳрум созанд”, – шарҳ медиҳанд дар Кумита.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.