Рустами Эмомалӣ назоратро ба сохтмон дар пойтахт пурзӯр кардан мехоҳад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ даъват кард, ки назорат дар соҳаи меъморӣ ва сохитмон дар пойтахт пурзӯр карда шавад. Дар ин бора ӯ ба муовинони худ дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки рӯзи 12 июл доир гардид, супориш дод. Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, зимни суханронӣ ӯ ҳамчунин ба […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ даъват кард, ки назорат дар соҳаи меъморӣ ва сохитмон дар пойтахт пурзӯр карда шавад. Дар ин бора ӯ ба муовинони худ дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки рӯзи 12 июл доир гардид, супориш дод.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, зимни суханронӣ ӯ ҳамчунин ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар самти мавқуф гузоштан ё тӯл кашидани корҳои сохтмонии иншоотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, роҳҳо ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ ишора кард.

Ӯ ҳамчунин ҷиҳати ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифат амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ, ба роҳ мондани назорат аз рўи фаъолияти фармоишгарону пудратчиён дар иншоотҳо ва риояи қоидаҳои қабули онҳо дастур супоришҳо дод.

Ғайр аз ин ба сохторҳои марбута супориш дода шуд, ки дар самти пайдо ва муайян намудани сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои лоиҳаҳои афзалиятнок дар самтҳои маорифу тандурустӣ, обу корезӣ, барқу гармидиҳӣ ва роҳу нақлиёт тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ шаванд.

Инчунин дастур дода шуд, ки доир ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин, оид ба таъмини амнияти санитариву экологӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои сар задани сӯхтор, таъмин намудани сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ, иваз намудани хатҳои муҳандисии куҳнаю фарсудагаштаи обу корезӣ ва гармидиҳӣ ва ҷалб намудани сармояи мустақим ҷиҳати таҷдид намудани инфрасохтори шаҳрдорӣ, аз ҷумла дар ҳудудҳои ба шаҳри Душанбе воридгашта, чораҳои амалӣ андешида шаванд.

Раиси шаҳр ҳамчунин баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои соҳавӣ ҷиҳати ба роҳ мондани вохӯриву мулоқот дар шаҳраку маҳаллаҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои номатлуби иҷтимоӣ, бахусус ҷудошавии оилаҳо, фарҳанги бегонапарастӣ, гаравидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, риоя ва таъмини иҷрои қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон низ дар канор намонд – дастур дода шуд, ки барои ҳарчи зудтар пайвасткунии бинову иншоотҳои иловагӣ ба шабакаҳои гармидиҳанда ва захира намудани маҳсулотҳои ниёзӣ аввалия баҳри фаровонии онҳо дар бозорҳо чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Ба роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ва сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини амнияти шаҳрвандон, коҳиш додани содиршавии ҷиноятҳо, бартараф ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои оворагардӣ, талбандагӣ, пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор чораҳои қатъӣ андешанд.

Инчунин барои дар сатҳи сазовор пешвоз гирифтани 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву ободонӣ ва дар боғҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баҳри фароғати сокинону меҳмонон дастурҳо дода шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.