Таҳлилгарони БАОР сабабҳои рушди баланди иқтисоди Тоҷикистонро шарҳ доданд

Рушди бештар баланди иқтисод дар байни кишварҳои узви Бонки авруосиёиии рушд (БАОР) дар Арманистон ва Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Арманистон дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 12,5%, Қазоқистон – 4,5% ва Қирғизистон – 3,4% афзуда, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2023 ба миқдори 8,2% боло рафт, […]

Рушди бештар баланди иқтисод дар байни кишварҳои узви Бонки авруосиёиии рушд (БАОР) дар Арманистон ва Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Арманистон дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 12,5%, Қазоқистон – 4,5% ва Қирғизистон – 3,4% афзуда, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2023 ба миқдори 8,2% боло рафт, гуфта мешавад дар Гузориши макроиқтисодии моҳи июли БАОР.

Дар он зикр мешавад, ки иқтисодҳои Русия ва Беларус аз рӯи натиҷаҳои 5 моҳи соли равон бо афзоиши ММД мутаносибан ба андозаи 0,6% ва 0,9% ба минтақаи мусбат баргаштанд.

Муаллифони гузориш сатҳи баланди рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо “талаботи зиёди дохилӣ” (гардиши баланди савдои дохилӣ, – эзоҳи муаллиф) шарҳ медиҳанд.

Ба навиштаи онҳо, дар зарфи 5 моҳи соли равон гардиши савдои чакана ба андозаи 14,8% ва ҳаҷми сармоягузорӣ – 29,1% зиёд шудааст.

Дар Гузориш гуфта мешавад, ба ҷараёни умумии рушди иқтисод ҳамаи соҳаҳои асосии истеҳсолӣ саҳми мусбат мегузоранд: дар бахши кишоварзӣ ҳаҷми истеҳсол 12,6%, саноат – 22,8% афзуда, дар соҳаи нақлиёт ҳаҷми боркашон 7,8% ва мусофиркашонӣ – 50% зиёд шудааст.

“Ба ақидаи мо, соли 2023 ММД-и кишвар ба андозаи 7,9% зиёд мешавад. Коҳишро дар муқоиса бо семоҳаи якум, ки дар он иқтисод 8,2% афзуд, метавон дар робита ба камшавии ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон дар шароити поинравии қурби рубл интизор шуд”, – пешгӯӣ мекунанд итаҳлилгарони Бонк.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар соли 2022 рушди вооқеии иқтисоди Тоҷикистон 8%-ро ташкил дод. Ҳукумат дар соли равон низ чунин сатҳи рушдро интизорӣ дорад.

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли гузашта 116 млрд сомонӣ (10,6 млрд доллар)-ро ташкил дод.

Ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар сохторӣ ММД ба 24,6%, саноат – 17%, савдо – 14,3%, нақлиёт – 9,3%, андозҳо – 9,2%, сохтмон – 7,9% ва дигар соҳаҳои хидматрасонӣ – ба 17,7% баробар шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.