Ба ҳукми Бузургмеҳр Ёров боз 10 сол илова гардид

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонии тоҷикро бо ҷурми нави “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” ба даҳ соли дигари зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода, менависад, ки мурофиа рӯзи 10-уми июл таҳти раёсати додраси Додгоҳи шаҳри Ваҳдат дар Боздоштгоҳи рақами 1-и пойтахт баргузор шудааст. Наздикони адвокати зиндонӣ гуфтаанд, мурофиа […]

Додгоҳи шаҳри Ваҳдат Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонии тоҷикро бо ҷурми нави “қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” ба даҳ соли дигари зиндон маҳкум кардааст.

Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода, менависад, ки мурофиа рӯзи 10-уми июл таҳти раёсати додраси Додгоҳи шаҳри Ваҳдат дар Боздоштгоҳи рақами 1-и пойтахт баргузор шудааст. Наздикони адвокати зиндонӣ гуфтаанд, мурофиа бидуни ҳузури онҳо гузашт.

Мақомот дар бораи мурофиа ва ҳукм расман иттилое надодаанд.

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ва масъули бунёди “Бузургмеҳр” ба ин расона гуфтааст, ки ҳукм “бераҳмона” аст.

“Махфӣ баргузор кардани мурофиа як туҳмат ва бо зӯр таҳмил кардани ҷурме аст, ки Бузургмеҳр накардааст. Бузурмеҳр адвокат надошт ва азбаски мурофиа пӯшида гузашт, аз ҷузъиёти мурофиа хабар надорем. Хабаре, ки дастрас кардем ин аст, ки аз ин 10 соли зиндон 2 солашро дар Боздоштгоҳи пӯшида ва 8 соли боқимондаро дар маҳбаси Ёвон адо хоҳад кард”, – афзудааст Ҷамшед Ёров.

Гуфтан ба маврид аст, ки алайҳи Бузургмеҳр Ёров дар асоси шикояти Ҳасан Ҳасанов, як зиндонии маҳбаси “Ваҳдат” парвандаи нави қаллобӣ кушода буданд. Ҳасан Ҳасанов даъво кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров бо ваъдаи озодӣ аз маҳбас аз ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст.

Қаблан Бузургмеҳр Ёров дар як номааш аз зиндон даъвои Ҳасан Ҳасановро тӯҳмат номида буд.

Ёдовар мешавем, ки Бузургмеҳр Ёров яке аз вакилони дифои саршиноси тоҷик аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ дар маҳбас қарор дорад. Ӯро барои “қаллобӣ”, “сохтакорӣ”, “таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд” гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум кардаанд. Бар асоси қонуни афв чаҳор сол муҳлати ҳабсаш кам шудааст.

Худи Бузургмеҳр Ёров ҳамеша ба бегуноҳии худ таъкид кардааст ва ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ номидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.