“Танҳо барои тозагии шаҳр”. Дар Душанбе қуттиҳои махсус барои зарфҳои пластикӣ насб гардид

Date:

Аввалин маротиба дар 5 мавзеи сераҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қуттиҳои партовпартоӣ барои зарфҳои пластикӣ гузошта шуд ва дар назар аст, ки чунин қуттиҳо дар дигар ҷойҳои серодам низ насб гардад. Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Сино ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи масъулин, ҳоло ин қуттиҳои партобпартоӣ барои зарфҳои пластикӣ дар назди Боғи ҳайвонот, Кӯли ҷавонон, Кохи Наврӯз, Флармонияи давлатӣ ва дар роҳи тарабхонаи “Латина” гузошта шудааст.

“Ин қуттиҳо махсус барои зарфҳои пластикӣ пешбинӣ шудааст. Ҳадаф аз насби чунин қуттиҳо тоза нигоҳ доштани пойтахт, ҷамъоварӣ ва коркарди дубораи зарфҳои пластикӣ ва ба ин васила, коҳиш додани таъсири манфии зарфҳои пластикӣ ба табиат мебошад”, – гуфтанд масъулини ҳукумати ноҳияи Сино.

Ба таъкиди онҳо, дар шакли зарфи пластикӣ сохтани қуттиҳо таваҷҷуҳи сокинонро ҷалб мекунад. Ин метавонад барои баланд бардоштани маърифати сокинони пойтахт мусоидат кунад.

Таҳияи қуттии махсус барои зарфҳои пластикӣ ва насби он дар ҷойҳои серодам моҳе қабл дар ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт баррасӣ гардида, инак он амалӣ карда мешавад. Масъулин таъкид мекунанд, ки дар наздиктарин фурсат чунин қуттиҳо дар ҳама мавзеъҳои серодами ҳудуди ноҳия гузошта мешавад.

Зикр мешавад, ки ин қуттиҳо дар КВД “Нақлиёти махсуси партобҳои сахтӣ маишӣ” дар ноҳияи Сино сохта шудаанд.

Ба гуфтаи масъулини ҳукумати ноҳияи Сино, “зарфҳои пластикие, ки дар ин қуттиҳо ҷамъ мешаванд, барои коркарди дубора ба коргоҳу корхонаи марбута ройгон дода мешавад. Ҳадаф танҳо тозагии пойтахт аст”.

ГАЛЛЕРЕЯ (6)






Ёдовар мешавем, ки қаблан ба ин монанд қуттиҳо дар шимоли кишвар, шаҳри Хуҷанд ва шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд насб гардида буд, ки таваҷҷуҳи сокинонро ба худ ҷалб намуд. Ва ин маротибаи аввал аст, ки чунин қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар шаҳри Душанбе насб мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...