Аз “Барфи хунолуд”-у “Кайфар” то “Чароғи ҳидоят”. 12 адиби тоҷик барандаи ҷоизаҳои Айнӣ ва Турсунзода шуданд

Имсол 12 нафар шоирону нависандагони тоҷик ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро гирифтаанд. Барандагони ҷоизаҳои адабӣ дар маҷлиси охирини раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо овоздиҳии пинҳонӣ муайян шудаанд. Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки масъалаи додани ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ дар бахши наср […]

Имсол 12 нафар шоирону нависандагони тоҷик ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро гирифтаанд. Барандагони ҷоизаҳои адабӣ дар маҷлиси охирини раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо овоздиҳии пинҳонӣ муайян шудаанд.

Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки масъалаи додани ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ дар бахши наср ва ба номи Мирзо Турсунзода дар бахши назм рӯзи 30-юми июл мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ асарҳои зерин ба дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мушарраф гардиданд:

Дар бахши наср:

1. “Барфи хунолуд” (маҷмуаи ҳикояҳо ва қисса) – Сироҷиддин Икромӣ.

2. “Дасти боло” (маҷмӯаи ҳикояҳо) – Шодӣ Раҷабзод.

3. “Кайфар” (романи таърихӣ) – Диловари Мирзо.

4. “Китоби филмномаҳои Шераки Ориён” – Абдурофеъ Рабизод (Шераки Ориён).

5. “Чароғи ҳидоят” (маҷмӯаи қисса ва ҳикоёт) – Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод. 

6. “Шакардара” (маҷмӯаи ҳикоя, шеър, чистон ва афсонаҳо барои бачаҳо) – Маҳбуба Неъматзода.

Дар бахши тарҷума:

7. “Метин” (тарҷумаи маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик ба забони ӯзбекӣ) – Ӯринбой Усмон.

Ҳамин тавр, бо овоздиҳии пинҳонӣ асарҳои зерин ба дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода мушарраф гардиданд:

Дар бахши назм:

1.  “Афсонаи себ” (маҷмӯаи ашъор) – Ҳасани Султон.

2.  “Дӯст дор зистан” (маҷмӯаи ашъор) – Абдуллоҳи Раҳнамо.

3  “Коинот” (маҷмӯаи ашъор) – Гулноз.

4.  “Лозар” (маҷмӯаи ашъор) – Хушомади Алидод.

Дар бахши таҳқиқи илмӣ:

5. “Ҷустуҷӯҳо дар назму наср ва нақди адабии муосир” (маҷмӯаи мақолаҳои адабиётшиносӣ) – Мисбоҳиддини Нарзиқул.

Ёдовар мешавем, ки ин ду ҷоизаи адабӣ соли 1989 таъсис ёфта, дар ду сол як маротиба ба адибон эҳдо мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.