“Танҳо барои тозагии шаҳр”. Дар Душанбе қуттиҳои махсус барои зарфҳои пластикӣ насб гардид

Аввалин маротиба дар 5 мавзеи сераҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қуттиҳои партовпартоӣ барои зарфҳои пластикӣ гузошта шуд ва дар назар аст, ки чунин қуттиҳо дар дигар ҷойҳои серодам низ насб гардад. Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Сино ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи масъулин, ҳоло ин қуттиҳои партобпартоӣ барои зарфҳои пластикӣ дар назди Боғи […]

Аввалин маротиба дар 5 мавзеи сераҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қуттиҳои партовпартоӣ барои зарфҳои пластикӣ гузошта шуд ва дар назар аст, ки чунин қуттиҳо дар дигар ҷойҳои серодам низ насб гардад. Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Сино ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи масъулин, ҳоло ин қуттиҳои партобпартоӣ барои зарфҳои пластикӣ дар назди Боғи ҳайвонот, Кӯли ҷавонон, Кохи Наврӯз, Флармонияи давлатӣ ва дар роҳи тарабхонаи “Латина” гузошта шудааст.

“Ин қуттиҳо махсус барои зарфҳои пластикӣ пешбинӣ шудааст. Ҳадаф аз насби чунин қуттиҳо тоза нигоҳ доштани пойтахт, ҷамъоварӣ ва коркарди дубораи зарфҳои пластикӣ ва ба ин васила, коҳиш додани таъсири манфии зарфҳои пластикӣ ба табиат мебошад”, – гуфтанд масъулини ҳукумати ноҳияи Сино.

Ба таъкиди онҳо, дар шакли зарфи пластикӣ сохтани қуттиҳо таваҷҷуҳи сокинонро ҷалб мекунад. Ин метавонад барои баланд бардоштани маърифати сокинони пойтахт мусоидат кунад.

Таҳияи қуттии махсус барои зарфҳои пластикӣ ва насби он дар ҷойҳои серодам моҳе қабл дар ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт баррасӣ гардида, инак он амалӣ карда мешавад. Масъулин таъкид мекунанд, ки дар наздиктарин фурсат чунин қуттиҳо дар ҳама мавзеъҳои серодами ҳудуди ноҳия гузошта мешавад.

Зикр мешавад, ки ин қуттиҳо дар КВД “Нақлиёти махсуси партобҳои сахтӣ маишӣ” дар ноҳияи Сино сохта шудаанд.

Ба гуфтаи масъулини ҳукумати ноҳияи Сино, “зарфҳои пластикие, ки дар ин қуттиҳо ҷамъ мешаванд, барои коркарди дубора ба коргоҳу корхонаи марбута ройгон дода мешавад. Ҳадаф танҳо тозагии пойтахт аст”.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ба ин монанд қуттиҳо дар шимоли кишвар, шаҳри Хуҷанд ва шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд насб гардида буд, ки таваҷҷуҳи сокинонро ба худ ҷалб намуд. Ва ин маротибаи аввал аст, ки чунин қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар шаҳри Душанбе насб мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.