Манбаъ: мудири як мактаби ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба хонандаи 16-сола дастдарозӣ кард

Таҳқиқи парвандаи мудири як мактаб дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иттиҳоми дастдарозӣ ба хонанда қариб ба анҷом расидааст, менависад хабаргузории Осиёи Марказӣ. Қазияи ин марди 62-сола аз тарафи Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон тафтиш шуда, дар назар аст парванда рӯзҳои наздик ба додгоҳ ирсол шавад. Пайвандони мудири мактаб иттиҳомро қабул надоранд. “Як манбаъ дар […]

Asia-Plus

Таҳқиқи парвандаи мудири як мактаб дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иттиҳоми дастдарозӣ ба хонанда қариб ба анҷом расидааст, менависад хабаргузории Осиёи Марказӣ.

Қазияи ин марди 62-сола аз тарафи Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон тафтиш шуда, дар назар аст парванда рӯзҳои наздик ба додгоҳ ирсол шавад.

Пайвандони мудири мактаб иттиҳомро қабул надоранд.

“Як манбаъ дар идораи пулиси Хатлон таъйид кард, ки Н.Н, ки мудири мактаб буд, ба як хонандаи 16-сола дастдарозӣ кардааст”, – омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи манбаъ, тафтишот пас аз шикояти ҷабрдида дар авоили моҳи июн шурӯъ шудааст.

"Феълан Н.Н дар боздошт аст ва нисбаташ бо моддаи 139, қисми 2 банди Д, яъне ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ноболиғ парванда боз шудааст. Ҳарду тарафро муфатишони милиса пурсиданд ва бояд рӯзҳои наздик тафтишаш анҷом шуда, парванда ба додгоҳ равад”, – гуфтааст ӯ.

Дар сурати исботи гуноҳ, Н. Н. мумкин аст аз 7 то 12 сол зиндонӣ шавад.

Пайвандони ин мудири мактаб иттиҳомотро беасос медонанд. Яке аз бастагонаш, ки нахост, ки аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, мудири мактаб 62 сола аст ва “бовар кардан душвор аст, ки ӯ ба чунин амал даст бизанад”.

Дар гузашта низ боздошти омӯзгорон ба гумони озори ҷинсӣ ва таҷовузи хонандагон расонаӣ шуда буд.

Аз ҷумла, ду сол пеш омӯзгори як мактабро дар Душанбе ба гуноҳи таҷовузи хонандае ба 17 сол зиндон маҳкум карда буданд.

Тирамоҳи соли 2019 додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Норакро бо гуноҳи, ба истилоҳ, рафтори шаҳвонӣ, 17,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.