Дар ним сол вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон беш аз 30% афзуд

Дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 490 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Ин нишондиҳанда қариб аз се як ҳисса зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад. Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 630 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсадҳои гуногун (сафари корӣ, истироҳат ва ғайра) […]

Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 490 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Ин нишондиҳанда қариб аз се як ҳисса зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 630 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсадҳои гуногун (сафари корӣ, истироҳат ва ғайра) аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки 34% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Вуруди бештари хориҷиён аз кишварҳои зерин ба қайд гирифта шудааст:

аз Ӯзбекистон (413 ҳазор нафар), Русия (151 ҳазор), Қазоқистон (15,5 ҳазор), Чин (8,6 ҳазор), Туркия (5,3 ҳазор), ИМА (4,3 ҳазор), Эрон (2,7 ҳазор), Афғонистон (2,4 ҳазор).

Теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки дар нимсолаи аввал ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ рафтаанд, зиёда аз 1,6 млн нафарро ташкил додааст, ки 40 зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омор, дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 240 ширкати сайёҳӣ фаъолият кардаанд.

Дар ҷумҳурӣ 185 меҳмонхона, аз ҷумла 5-то панҷситорадор, 20-то чорситорадор, 14-то сеситорадор, 4-то дуситорадор, инчунин 1 меҳмонхонаи дараҷаи аввал ва 140 меҳмонхонаи бедараҷа фаъолият доштанд.

Ҳамчунин дар кишвар 27 хостелу мотел (ҷойи хоб ва меҳмонхонаҳои хурд), 5 осоишгоҳ ва лагерҳо барои кӯдакон, 52 осоишгоҳ, 7 маркази фароғату солимгардонӣ, 6 хонаи истироҳат, 1 кемпинг ва 3 пойгоҳ (база)-и сайёҳӣ амал мекунанд.

Қобили зикр аст, ки мутахассисон сайёҳиро дар баробари соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва гидроэнергетика яке аз бахшҳое медонанд, ки дар оянда баҳри рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидати зиёд карда метавонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.