Қирғизистон барои дифоаш $1,3 млрд ҷудо кардааст. Тоҷикистон чӣ?

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар ҷаласаи Девони вазирон хабар дода, ки барои таъмини бахши дифоии ин кишвар аз соли 2021 то ҳол беш аз 120 миллиард сом (1,3 миллиард доллар) ҷудо шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин пул ба харидориву такмили техника ва аслиҳаи низомӣ сарф гардидааст. “Соли 2020 барои дифои Қирғизистон 3,5 […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар ҷаласаи Девони вазирон хабар дода, ки барои таъмини бахши дифоии ин кишвар аз соли 2021 то ҳол беш аз 120 миллиард сом (1,3 миллиард доллар) ҷудо шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин пул ба харидориву такмили техника ва аслиҳаи низомӣ сарф гардидааст.

“Соли 2020 барои дифои Қирғизистон 3,5 миллиард сом, дар соли 2021-ум 32 миллиард ва дар соли гузашта 53 миллиард сом харҷ кардаанд”, – гуфтааст Тошиев.

Инчунин, дар 6 моҳи соли 2023 барои таъмини дифои Қирғизистон ҷамъан 40 миллиард соми буҷа харҷ шудааст.

“Мо ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрактар”, “Аксунгур”, “Акынжи” ва чархболҳои Ми-8 ва Ми-17 харидорӣ кардаем, ки баъзе аз кишварҳои дунё онҳоро ҳоло надоранд”, – изҳор доштааст Тошиев.

Ин дар ҳолест, ки зимни мулоқоти роҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дар масъалаи марз, ки рӯзи 24-уми майи соли 2023 баргузор шуд, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки "дар минтақаҳои марзӣ аз паҳподҳо (ҳавопаймои бесарнишин) ва техникаи сангини низомӣ истифода нашавад".

Дертар ҳам, рӯзи 14-уми июн дар шаҳри Гулистон мулоқоти навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардида, ду ҷониб аз истифодаи накардани ҳама гуна яроқ ва истифодаи якҷоя аз оби полезиву нӯшокӣ сӯҳбат карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нимсолаи якуми соли 2023 намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон ҳама гуна баҳсҳои марзиро “дар сатҳи маҳал бо роҳи гуфтушунид баррасӣ ва ҳал намуданд”.

Ба мо муяссар нагардид, ки бифаҳмем, “дар сатҳи маҳал бо роҳи гуфтушунид баррасӣ ва ҳал намуданд” чӣ тафсир дорад.

Бояд гуфт, ки номуайянии хати сарҳади давлатӣ, истифода ва дастрасӣ ба об аз омилҳои аслии низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон давоми солҳои охир будааст.

Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд, вале солҳо боз зиёда аз сесад километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст.

Дар пайи ин муноқишаҳо даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ ва афсарони тоҷик қурбон шуда, садҳо нафари дигар маҷрӯҳ гардидаанд.

То ба ҳол даҳҳо маротиба дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон ва Қирғизистон намояндагони гурӯҳҳои кории топографии ду кишвар сари мизи гуфтушунид нишастаанд.

Аммо натиҷаи аслии ин дидорҳо ба таври мушаххас расонаӣ намешавад.

Мақомоти ду кишвар ҳамеша хабар медиҳанд, ки аз натиҷаи вохӯрӣ “протоколи дахлдор” ба имзо расидааст, вале дигар ҷузиёт ироа намегардад.

Ҳамзамон, ҳамеша таъкид мегардад, ки “вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд ва вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар Тоҷикистон/Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст”.

Бояд гуфт, ки истифода ва дастрасӣ ба об яке аз омилҳои аслии низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон давоми чандсолаҳои охир будааст.

Имсол низ бо оғози мавсими кишт баҳси истифодаи об дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки даҳсолаҳо давом дошта, боиси муноқишаҳои хунин низ гаштааст, доғ гардид. Сокинони маҳалҳои наздимарзӣ шикоят мекунанд, ки мушкил ҳалли худро наёфтааст. Мақомот аз идомаи баррасии ин масъала мегӯянд.

Барои ҳалли “масъалаи об” мақомоти ду кишвар дар гузашта ҳам мулоқотҳо доштанд ва ҳоло низ вохӯриҳо мегузаронанд, аммо самараи ин дидорҳо ба ҷуз “дар истифодаи якҷои об ба мувофиқа расидем”, беш нест.

Аз ҷумла, дар мулоқоти охире, ки рӯзи 24-уми майи соли равон дар гузаргоҳи сарҳадии “Қизилбел”-и Қирғизистон бо ширкати раисони вилоятҳои Суғд ва Бодканд баргузор гардид, “бори дигар ҳалли мушкилоту муаммои ҷойдошта, аз ҷумла истифодаи мақсаднок ва ҳамҷояи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об муҳим арзёбӣ гардид”.

Дар мулоқоте, ки рӯзи 2-юми майи соли ҷорӣ дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара доир гардид, “ҷонибҳо дар масъалаҳои истифодаи якҷои захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, тоза кардани каналу ҷӯйборҳои наздимарзӣ якдигарфаҳмӣ намуданд”.

Ёдовар мешавем, ки дар давоми ду соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон 2 муноқишаи пурхушунат ва пурқурбонӣ рух дод.

Аммо ахиран Александр Лукашенко, раисиҷумҳурии Беларус пешниҳод кард, ки Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ (ОДКБ) барои ҳалли низои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон даст ба кор шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.