“Дигар аз паҳпод истифода нашавад”. Мувофиқаи намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон пас аз мулоқот

Зимни мулоқоти роҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дар масъалаи марз, ки имрӯз, 24-уми май, баргузор шуд, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар минтақаҳои марзӣ аз паҳподҳо ва техникаи сангини низомӣ истифода нашавад. Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” иттилои баргузории вохӯриро тасдиқ кард ва гуфт, мулоқот пеш аз зуҳри имрӯз, […]

Asia-Plus

Зимни мулоқоти роҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дар масъалаи марз, ки имрӯз, 24-уми май, баргузор шуд, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар минтақаҳои марзӣ аз паҳподҳо ва техникаи сангини низомӣ истифода нашавад.

Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” иттилои баргузории вохӯриро тасдиқ кард ва гуфт, мулоқот пеш аз зуҳри имрӯз, 24-уми май, дар гузаргоҳи наздимарзии Гулистони шаҳри Исфараи Тоҷикистон, воқеъ дар марз бо гузаргоҳи Қизилбели Бодканди Қирғизистон баргузор шуд.

“Дар мулоқоти имрӯза раҳбарони вилоятҳои Суғду Ботканд ҳамчунин, раисони минтақаҳои наздимарзӣ ва мақомоти сарҳадбонӣ иштирок доштанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбов масоили мубрами вобаста ба марзро баррасӣ намуданд”, – гуфт Музаффар Юнусов.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти имрӯза ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар минтақаҳои марзӣ аз паҳподҳо (ҳавогарди бесарнишин) ва техникаҳои сангини низомӣ истифода нашавад.

Дар бораи истифода нашудани паҳподҳо дар минтақаҳои марзӣ, хабаргузории "24.kg" ҳам бо такя ба намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев хабар додааст.

Ҳамчунин, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки сулҳро дар сарҳад нигоҳ доранд, ба иғвогарӣ роҳ надиҳанд, бо созиши ҳамдигар аз об истифода баранд.

Инчунин фаъолияти бонизом ва ҳамҷояи мақомоти қудратии ду тараф, пешгирии ҳамагуна ҳолатҳое, ки ба нофаҳмӣ оварда мерасонад, чун пештара ба роҳ мондани муносиботи дӯстонаи сокинони марзӣ, бартарафсозии мушкилоти ба миёномада бо роҳи гуфтушунид дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ва фаъолони ҷомеъ ба манфиати кор дониста шуд.​Ҳамчунин ҷонибҳо дар ин музокирот масоили роҳ, чароггоҳҳо ва пешгирӣ аз муноқишаҳои минбаъда дар марзро низ баррасӣ карданд”, – гуфт ӯ.

Баргузории мулоқоти навбатии ҷонибҳоро Баҳодур Баҳовуддинзода, раиси шаҳри Исфара ҳам тасдиқ кард, вале аз додани маълумоти иловагӣ худдорӣ намуд.

Истифода нашудани паҳбодҳо ҳангоми рух додани низои марзӣ дар ҳолест, ки дар муноқишаи охири марзии байни ду кишвар, ки даҳҳо куштаву садҳо захмӣ ба ҷой гузошт, Қирғизистон аз паҳподҳо истифода кард ва дар натиҷаи он чандин шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд.

Муноқишаи ахири мусаллаҳона рӯзҳои 28-29-уми апрели соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт, ки аз ду тараф 55 кас кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.