Баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон “дар сатҳи маҳал баррасӣ ва ҳал” шудааст

Дар нимсолаи якуми соли 2023 намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон ҳама гуна баҳсҳои марзиро “дар сатҳи маҳал бо роҳи гуфтушунид баррасӣ ва ҳал намуданд”. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба Қирғизистон дар шаҳри Чӯлпон-ота​ бо намояндаи ваколатдори​ президенти Қирғизистон дар […]

Дар нимсолаи якуми соли 2023 намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон ҳама гуна баҳсҳои марзиро “дар сатҳи маҳал бо роҳи гуфтушунид баррасӣ ва ҳал намуданд”. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба Қирғизистон дар шаҳри Чӯлпон-ота​ бо намояндаи ваколатдори​ президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев мулоқот кардааст.​

“Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таҳкими робитаҳои дӯстона миёни ду вилояти ҳамсарҳадро баррасӣ ва аз натиҷаи кори гуруҳи кории муштарак изҳори қаноатмандӣ намуданд”, – менависад хадамот.

Афзуда мешавад, ки ҷонибҳо бори дигар омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ изҳор доштаанд.

Таъкид шудааст, ки “масъалаи аломатгузории марзи ду кишвар бо роҳи дипломатӣ ва якдигарфаҳмии комили тарафҳо ҳал хоҳад шуд ва барои ин дар сатҳи ҳукуматҳои ду мамлакат комиссияи босалоҳият​ фаъолият дорад”.

“Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тарафҳо тамоми масъалаҳои пешомадаро бо роҳи гуфтушунид дар сатҳи маҳал баррасӣ ва ҳал намуданд ва дар оянда низ ҷонибҳо​ бо риояи анъанаҳои шарқиёнаи ҳамсоядорӣ фаъолият хоҳанд бурд”, – омадааст дар хабар.​

Тарафҳо омодагии худро барои беҳтар намудани сатҳи кунунии муносибатҳо изҳор дошта, таъкид карданд, ки зиндагӣ​ дар фазои сулҳу дӯстӣ барои сокинони назидмарзии ду кишвар омили асосии рушди минтақа маҳсуб меёбад.

Бояд гуфт, ки ҳайати вилояти Суғди Тоҷикистон, Фарғонаи Ӯзбекистон ва Ботканди Қирғизистон ҳайи ин ҳафта дар вилояти Ботканд мулоқоти сеҷониба анҷом дода истодаанд.

Як манбаи огоҳ дар сӯҳбати телефонӣ рӯзи 18-уми июл ба “Азия-Плюс” гуфт, рӯзи 17-уми июл фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон – генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев бо ҳам мулоқот анҷом додаанд.

“Онҳо сари масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид карданд. Ҷузъияти ин мулоқот расман ироа намешавад”, – кӯтоҳ гуфт манбаъи мо.

Маврид ба гуфтан аст, ки ҳафтаи гузашта намояндагони гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Ботканд мулоқот анҷом дода, масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ намуда буданд.

Бояд гуфт, ки номуайянии хати сарҳади давлатӣ, истифода ва дастрасӣ ба об аз омилҳои аслии низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон давоми солҳои охир будааст.

Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд, вале солҳо боз зиёда аз сесад километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.