Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд

Намояндагони гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон бори дигар дар шаҳри Ботканд мулоқот карда, масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ намуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ВКХ) иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин дидор дар асоси нақша-ҷадвали кории вохӯриҳо рӯзи 3-юми июл оғоз шуда, то рӯзи 9-уми июл давом кардааст. […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Намояндагони гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон бори дигар дар шаҳри Ботканд мулоқот карда, масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ намуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ВКХ) иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин дидор дар асоси нақша-ҷадвали кории вохӯриҳо рӯзи 3-юми июл оғоз шуда, то рӯзи 9-уми июл давом кардааст.

ВКХ менависад, ки аз натиҷаи вохӯрӣ “протоколи дахлдор” ба имзо расидааст, вале дигар ҷузиёт надодааст.

“Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд ва вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст”, – менависад ин ниҳод.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ва дигар расонаҳои ин кишвар низ дар бораи ин вохӯрӣ ҷузъиёти дигар пахш накардаанд.

Бояд гуфт, ки номуайянии хати сарҳади давлатӣ, истифода ва дастрасӣ ба об аз омилҳои аслии низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон давоми солҳои охир будааст.

Барои ҳалли “масъалаи об” дар гузашта ҳам мақомоти ду кишвар мулоқотҳо доштанд ва ҳоло низ вохӯриҳо мегузаронанд, аммо самараи ин дидорҳо ба ҷуз “дар истифодаи якҷои об ба мувофиқа расидем” беш нест.

Аз ҷумла, дар мулоқоти охире, ки рӯзи 24-уми майи соли равон дар гузаргоҳи сарҳадии “Қизилбел”-и Қирғизистон бо ширкати раисони вилоятҳои Суғд ва Бодканд баргузор гардид, “бори дигар ҳали мушкилоту муаммои ҷойдошта, аз ҷумла истифодаи мақсаднок ва ҳамҷояи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об муҳим арзёбӣ гардид”.

Дар мулоқоте, ки рӯзи 2-юми майи соли ҷорӣ дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара доир гардид, “ҷонибҳо дар масъалаҳои истифодаи якҷои захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, тоза кардани каналу ҷӯйборҳои наздимарзӣ якдигарфаҳмӣ намуданд”.

Маврид ба зикр аст, ки дар давоми ду соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ду муноқишаи пурхушунат ва пурқурбонӣ рух дод.

Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд, вале солҳо боз зиёда аз сесад километри он таъйину нишонагузорӣ нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.