Дар Панҷакент мард дӯсти шаробхӯрашро куштааст

Дар шаҳри Панҷакент марди 53-сола рафиқи шаробхӯри худро дар манзили зисташ ба қатл расонидааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳодиса шаби 9 ба 10-уми июл рух дода ва ҳарду ҳам дар ҳолати сархушӣ қарор доштаанд. “Гумонбаршаванда тахминан соати 00:30 дақиқа ҳангоми дар манзили истиқоматии марди 69-солаи […]

Дар шаҳри Панҷакент марди 53-сола рафиқи шаробхӯри худро дар манзили зисташ ба қатл расонидааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳодиса шаби 9 ба 10-уми июл рух дода ва ҳарду ҳам дар ҳолати сархушӣ қарор доштаанд.

“Гумонбаршаванда тахминан соати 00:30 дақиқа ҳангоми дар манзили истиқоматии марди 69-солаи сокини шаҳри мазкур қарор доштанаш, ҳарду бо истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ машғул шуда, меҳмон бо соҳибхона баҳсу муноқиша карда, сипас се маротиба ба узвҳои баданаш корд задааст”, – менависад ВКД.

Гуфта мешавад, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бо ин вуҷуд, ВКД менависад, ки гумонбаршаванда соли 1993 дар Ӯзбекистон барои содир намудани ҷинояти муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор суд шудааст.

Ҳоло боз нисбати ӯ бо иттиҳоми “одамкушӣ” (моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.