Дар Душанбе аз 1 август ҳама сохторҳо ба барномаи “Пардохти ҳушманд” мегузаранд

Аз 1 август сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ, дар фаъолияти кории худ аз барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart Pay)» истифода мебаранд. Дар ин хусус қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”. Гуфта мешавад, қарори мазкур бо мақсади таъмини пардохти ҳамаи андозҳою боҷҳои давлатӣ, […]

Аз 1 август сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ, дар фаъолияти кории худ аз барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart Pay)» истифода мебаранд. Дар ин хусус қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Гуфта мешавад, қарори мазкур бо мақсади таъмини пардохти ҳамаи андозҳою боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ ҷиҳати амалишавии марҳилаи якуми барномаи Пардохти ҳушманд (Smart Pay) ба роҳ монда мешавад.

Ёдрас мешавад, ки дар асоси фармони президенти ҶТ «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 1 августи соли 2023

– пардохти андозҳо;

– боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо; 

– пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет; 

– ҷаримаҳо; 

– маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ; 

– хизматрасониҳои тиббӣ;  

– хизматрасониҳои коммуналӣ;

– намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ; 

– қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ 

тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.