“Об, роҳи чорвогузар ва марз”. Раиси вилояти Суғд бо сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон мулоқот кард

Юсуфхон Сабитов, хабарнигори шаҳрвандии "Asia-Plus"

Дар шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Эрлан Абдилдаев, сафири фавқулода ва мухтори Қирғизистон дар Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, дар бораи “об, роҳҳои чорвогузар ва дигар муаммоҳои марзӣ” сӯҳбат намудаанд. Дар ин бора Музаффар Юнусзода, сухангӯи раиси вилояти Суғд иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 22-юми июн Эрлан Абдилдаевро, ки бо мақсади иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдои “Суғд-2023” ба вилояти Суғд рафта буд, ба ҳузур пазируфт.

“Раиси вилоят бо сафири фавқулода ва мухтори Қирғизистон дар Тоҷикистон дар робита ба мушкилот ва муаммоҳои марзие, ки дар натиҷа боиси ба вуҷуд омадани муноқишаҳо гардида буд, сӯҳбат карданд. Аз ҷумла, дар бораи тақсими баробари об ва роҳҳои чорвогузар дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҳамсӯҳбат шуданд”, – гуфт Музаффар Юнусзода.

Сухангӯи раиси вилояти Суғд афзуд, ки онҳо зимни сӯҳбат омодагии худро барои таҳкими равобити дуҷониба ва муносибатҳои дӯстона изҳор доштанд.

Ӯ таъкид кард, ки “Раҷаббой Аҳмадзода ва Эрлан Абдилдаев аз фаъолияти гурӯҳи кории муштарак, ки барои ҳалли низоъҳои марзӣ таъсис шудаанд, ихзори хушбинӣ намуданд”.

Ба гуфтаи Музаффар Юнусзода, ин мулоқоти аввалини раиси вилояти Суғд бо сафири фавқулода ва мухтори Қирғизистон дар Тоҷикистон буд, ки бо баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳо ба охир расид.

Бояд гуфт, ки истифода ва дастрасӣ ба об яке аз омилҳои аслии низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон давоми солҳои охир будааст.

Имсол низ бо оғози мавсими кишт баҳси истифодаи об дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки даҳсолаҳо давом дошта, боиси муноқишаҳои хунин низ гаштааст, доғ гардид. Сокинони маҳалҳои наздимарзӣ шикоят мекунанд, ки мушкил ҳалли худро наёфтааст. Мақомот аз идомаи баррасии ин масъала мегӯянд.

Барои ҳалли “масъалаи об” мақомоти ду кишвар дар гузашта ҳам мулоқотҳо доштанд ва ҳоло низ вохӯриҳо мегузаронанд, аммо самараи ин дидорҳо ба ҷуз “дар истифодаи якҷои об ба мувофиқа расидем” беш нест.

Аз ҷумла, дар мулоқоти охире, ки рӯзи 24-уми майи соли равон дар гузаргоҳи сарҳадии “Қизилбел”-и Қирғизистон бо ширкати раисони вилоятҳои Суғд ва Бодканд баргузор гардид, “бори дигар ҳали мушкилоту муаммои ҷойдошта, аз ҷумла истифодаи мақсаднок ва ҳамҷояи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об муҳим арзёбӣ гардид”.

Дар мулоқоте, ки рӯзи 2-юми майи соли ҷорӣ дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара доир гардид, “ҷонибҳо дар масъалаҳои истифодаи якҷои захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, тоза кардани каналу ҷӯйборҳои наздимарзӣ якдигарфаҳмӣ намуданд”.

Маврид ба зикр аст, ки дар давоми ду соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ду муноқишаи пурхушунат ва пурқурбонӣ рух дод.

Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд, вале солҳо боз зиёда аз сесад километри онро таъйину нишонагузорӣ карда наметавонанд.

Ахиран Александр Лукашенко, раисиҷумҳурии Беларус пешниҳод кард, ки Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) барои ҳалли низои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон даст ба кор шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...