Парвандаи нафаре, ки президент танқид карда буд, ба додгоҳ рафт

Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати директори филиали Муассисаи давлатии "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах" дар вилояти Хатлон Раҷабалӣ Давлатзода – нафаре, ки президент барои фурӯши ғайриқонунии замин танқид карда буд, ба анҷом расида, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар ин бора Абдураҳим Раҳимзода, додситони вилояти Хатлон дирӯз, 26-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Додситони […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати директори филиали Муассисаи давлатии "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах" дар вилояти Хатлон Раҷабалӣ Давлатзода – нафаре, ки президент барои фурӯши ғайриқонунии замин танқид карда буд, ба анҷом расида, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Дар ин бора Абдураҳим Раҳимзода, додситони вилояти Хатлон дирӯз, 26-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Додситони вилояти Хатлон гуфт, ки Раҷабалӣ Давлатзода бо шарти берун нарафтан аз ҳудуди кишвар дар озодӣ қарор дорад. Зеро ҳаракатҳои ғайриқонунии Давлатзода давоми солҳои пеш анҷом дода шудааст ва дар ин давра ду қонуни авф қабул шудааст. Аз ин лиҳоз, ӯ ба ҳабси пешакӣ гирифта нашудааст.

Назари худи Раҷабалӣ Давлатзода оид ба парванда дастрас нест.

Бояд гуфт, ки нисбати Раҷабалӣ Давлатзода замоне парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафари хеш ба вилоят, 27-уми апрели соли ҷорӣ, ӯро барои фурӯши ғайриқонунии замин танқид намуд.

“Соли 2015 бо қарори собиқ раиси ноҳияи Кӯшониён 1 гектар замини варзишгоҳи муассисаи таълимии рақами 64 ноҳияи Кӯшониён ба директори Филиали Муассисаи давлатии "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах" дар вилояти Хатлон Раҷабалӣ Давлатзода ҷудо карда дода мешавад. Раҷабалӣ Давлатзода бошад, онро ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тақсим карда, мефурӯшад”, – гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Пас аз ин, тибқи иттилои як манбаъ, додситонии ноҳияи Кӯшониён нисбати Раҷабалӣ Давлатзода бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла, ғайриқонунӣ тақсим кардани  замин, сохтакорӣ ва қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.