КҲФ: шаҳрвандони бритониёии аз кӯҳҳои Помир сарозершуда ба саёҳати худ идома доданд

Date:

Кӯҳнавардон аз Британияи Кабир, ки кормандони КҲФ Тоҷикистон чандин рӯз ба наҷоти онҳо машғул буданд, ба саёҳати худ дар ВМКБ идома медиҳанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, тавре ки маълум шуд, гумони шикастани сутунмуҳраи яке аз кӯшнавардони бритониёӣ тасдиқ нашудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рӯи 20-уми июл ба Қисми навбатдории Кумита ин хабар расид, ки ду шаҳрванди Британияи Кабир Майкл Алан Фоуйлери 67-сола ва Симон Андрев Ятеси 60-сола бо мақсади фатҳи қуллаи Патхор, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ҷойгир шудааст, аз боло афтодаву осеб дидаанд ва муҳтоҷи кумак буданд.

Дарҳол пас аз расидани хабар имдодгарони Кумита дар ВМКБ ба кумаки сайёҳон шитофта, бо онҳо мудом алоқаи моҳвораӣ барқарор буд.

Рӯзи 22 июл бо ёрии занбар Майкл Алан Фоуйлерро ба деҳаи Девлохи ноҳияи Рӯшон оварданд.

Аз сабаби он ки гумон буд сутунмӯҳраи Симон Андрев Ятес шикастааст, имдодгарон бо ӯ монда, ба вай ёрии аввалияи тиббӣ расониданд ва бо истифода аз занбари махсус оҳиста-оҳиста ба поён равон шуданд.

Ба гуфтаи Умеда Юсуфӣ, рӯзи 25 июл гурӯҳи табибон таҳти роҳбарии сардори Раёсанти тандурустии КҲФ, полковники хадамоти тиббӣ Саъдулло Шарипов, табиб-ҷарроҳи Госпитали ҳарбии КҲФ, майори хадамоти тиббӣ К.Маҳмадуллоев ва имдодгар Ф.Раҳматуллоев бо чархболи Вазорати мудофиа аз фурудгоҳи Айни ба ҷамоати Басиди ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ки дар баландии 2350 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст, парвоз карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Муоинаи пешакии тиббии Симон Андрев Ятес нишон дод, ки фишори ӯ дар меъёри муқаррарӣ қарор дошта, стунмуҳрааш осеб надидааст, – хабар дод сухангӯи КҲФ. – Симон Андрев Ятес изҳор дошт, ки ба ёрии тиббӣ ниёз надорад. Муоинаи табибон нишон дод, ки ӯ ҷароҳатҳои ҷиддӣ нагирифтааст. Муоинаи бештар дақиқро ӯ рад кард”.

Котиби матбуотии Кумита илова намуд, ки шаҳрвандони Британияи Кабир минбаъд интиқол доданашон ба пойтахти Тоҷикистонро рад карда, ба саёҳати худ дар қаламрави ВМКБ идома медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...