Фиреб тавассути барномаи фейкии “Dushanbe-city”

Дар шаҳри Хуҷанд ду духтари ҷавон бо барномаи фейкии “Dushanbe-city” беш аз 80 мудирони мағозаву ошхона, мағозаҳои либос, толорҳои ҳусн ва ронандаҳои таксиро фиред дода, ҳаққи хидматрасонии онҳоро пардохт накардаанд. Дар ин бора дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дода мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, гумонбаршудагон Истадбону Ҷумъаеваи 24-сола […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд ду духтари ҷавон бо барномаи фейкии “Dushanbe-city” беш аз 80 мудирони мағозаву ошхона, мағозаҳои либос, толорҳои ҳусн ва ронандаҳои таксиро фиред дода, ҳаққи хидматрасонии онҳоро пардохт накардаанд.

Дар ин бора дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дода мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, гумонбаршудагон Истадбону Ҷумъаеваи 24-сола ва Шоиста Усмоноваи 25-сола, сокинони шаҳри Хуҷанд ҳастанд.

“Гумонбарон амалҳои тақаллубкории худро дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалӣ кардаанд. Онҳо бо чунин усул мудирони мағозаву ошхона, мағозаҳои либос, толорҳои ҳусн ва ронандаҳои таксиро фиреб медодаанд”, – гуфта мешавад дар барнома.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми истифода гумонбарон тариқи барномаи фейкии “Dushanbe-city” аломати тасдиқшудаи гузаштаи ҳаққи хидматрасониро нишон медодаанд, вале дар асл маблағ намегузаштааст.

Тавре Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд гуфтааст, то ин вақт онҳо беш аз 80 нафарро бо маблағҳои аз 200 то 3000 сомонӣ фиреб кардаанд.

Нисбати онҳо тибқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин модда ҷарима ба миқдори аз 250 то 1460 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда 68 сомонӣ) ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.