Мансабдори тоҷик гуфт, иддаои Толибон боварнокарданӣ аст

Иддаои Толибон* дар бораи мубориза бо маводи мухаддир боварнокарданӣ аст, зеро баъди ба сари қудрат омадани ин гурӯҳ дар Афғонистон кишт, истифода ва муомилоти маводи мухаддир зиёд шудааст. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз, 2-юми август, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, даъвоҳое, ки […]

admin

Иддаои Толибон* дар бораи мубориза бо маводи мухаддир боварнокарданӣ аст, зеро баъди ба сари қудрат омадани ин гурӯҳ дар Афғонистон кишт, истифода ва муомилоти маводи мухаддир зиёд шудааст.

Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз, 2-юми август, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, даъвоҳое, ки Толибон дар мавриди манъи кишт ва истифодаи маводи мухаддир доранд, боварнокарданист. Воҳидзода барои собит кардани гуфтаҳои хеш, омори мусодираи маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро ироа намуд.

Тибқи он, шурӯъ аз соли 2020 то кунун, мусодираи маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистон Афғонистон бамаротиб зиёд шудааст:

Соли 2020 – 2 тоннаю 425 кг;

Соли 2021 – 4 тоннаю 83 кг;

Соли 2022 – 4 тоннаю 991 кг маводи мухаддир мусодира гардидааст.

Бояд гуфт, ки Толибон баъди ба сари қудрат омадан дар Афғонистон мубориза бо кишту муомилаи маводи мухаддирро яке аз ҳадафҳои аслии худ муаррифӣ карда буданд. Бо гузашти ду сол аз ғасби қудрат, чунин менамояд, ки Толибон натавонистанд ба ин ваъдаи худ вафо кунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.