“Маҷбур доранд, ки аввал хидмати ҳарбӣ, баъд таҳсил кунанд”. Шикояти ректори ДДБ аз шеваи даъват ба артиш

Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар аз он нигаронӣ дорад, ки кормандони баъзе комиссариат ва мизҳои ҳарбӣ ҷавонони ба донишгоҳ шомилшударо барои адои хидмати ҳарбӣ маҷбур доранд. Ӯ, ки 2-юми августи соли 2023 дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, гуфт, кормандони мизи ҳарбӣ ва комиссариати ҳарбии ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ ҷавонони соли ҷорӣ ба донишгоҳ дохилшударо […]

Asia-Plus

Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар аз он нигаронӣ дорад, ки кормандони баъзе комиссариат ва мизҳои ҳарбӣ ҷавонони ба донишгоҳ шомилшударо барои адои хидмати ҳарбӣ маҷбур доранд.

Ӯ, ки 2-юми августи соли 2023 дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, гуфт, кормандони мизи ҳарбӣ ва комиссариати ҳарбии ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ ҷавонони соли ҷорӣ ба донишгоҳ дохилшударо маҷбур доранд, ки аввал ба хидмати ҳарбӣ раванд.

“Намояндаи мизи ҳарбӣ омада ҷавонеро, ки ба донишгоҳи мо тариқи Маркази миллии тестӣ дохил шудааст, маҷбур дорад, ки аввал рафта хидмати ҳарбӣ кунад, баъд дар донишгоҳ таҳсил намояд. Чунин шикоят ба мо аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ расид. Ман шикоятҳоро ба комиссари ҳарбии вилоят равон кардам”, – гуфт Сайфиддин Давлатзода.

Ректор аз он нигаронӣ кард, ки чунин шеваи кор, яъне муносибати мизҳои ҳарбӣ ва комисариатҳои шаҳру ноҳияҳо эътибори маорифу донишгоҳро коста мекунад.

Бояд гуфт, ки ин тарзи “даъват” ба хидмати ҳарбӣ яке аз шеваҳои нави ҷалби ҷавонон ба артиш аст. Ва ҳамчунин, ин аввалин маротиба аст, ки ректори яке аз донишгоҳҳои бузурги кишвар аз шеваи маҷбуркунӣ барои адои хидмати ҳарбӣ шикоят мекунад.

Бо шеваҳои ғайриқонунии то ин замон маълумгаштаи ҷалби ҷавонон ба артиш дар матлаби “Аз "гаравгонгирии волидайн" то “шикор” дар фурудгоҳ. 10 шеваи ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш” метавонед шинос шавед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.