Минбаъд муҳоҷиронро барои “ба қайди ҳарбӣ нагузоштан” аз шаҳрвандии Русия маҳрум мекунанд?

Вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев ният дорад, ки лоиҳаи қонун дар бораи маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ ва ихроҷ аз Русия барои муҳоҷиронеро, ки худро ба қайди ҳарбӣ намегузоранд, таҳия кунад. Дар ин бора ӯ рӯзи 1 август дар телеграм-канали худ хабар додааст. “Лоиҳаи қонунеро омода мекунам, ки мувофиқи он, худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштан […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев ният дорад, ки лоиҳаи қонун дар бораи маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ ва ихроҷ аз Русия барои муҳоҷиронеро, ки худро ба қайди ҳарбӣ намегузоранд, таҳия кунад. Дар ин бора ӯ рӯзи 1 август дар телеграм-канали худ хабар додааст.

“Лоиҳаи қонунеро омода мекунам, ки мувофиқи он, худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштан дар муҳлати муқарраршуда пас аз дарёфти шаҳрвандии Русия (инчунин саркашӣ аз иҷрои уҳдадории ҳарбӣ) барои маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ ва ихроҷ ба кишваре, ки аз он ҷо ӯ омадааст, асос мешавад.

Инчунин фикр мекунам, ки дар ин ҳолат аъзои оилаи муҳоҷир, ки дар робита ба гирифтани шаҳрвандии Русия қаблан аз ҷониби ин шахс онро гирифтаанд, низ бояд аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд», – навиштааст вакил.

Каме пештар худи ҳамон рӯз Матвеев як навори видеоиро мисол овард, ки дар он шаҳрвандони Ӯзбекистон ба президенти ҷумҳурӣ шикоят кардаанд, ки комиссариати ҳарбии маҳаллӣ ба онҳо даъватнома месупорад.

«Мисоли равшани он аст, ки ҳамаи ин шаҳрвандони нав шаҳрвандиро танҳо бо мақсади мисли гов ҷӯшидани Русия, дар ин ҷо озодона зиндагӣ кардан ва пул кор кардан, аксар вақт андоз насупоридан ва дар айни замон бо оилаи калони ба Русия овардаашон кумакҳои иҷтимоӣ гирифтан, дастрасӣ доштан ба низоми маориф ва тандурустии мо мегиранд. Аммо вақте дар бораи иҷрои уҳдадориҳояшон дар назди Русия сухан меравад, дарҳол нола баланд мешавад – муҳоҷироне, ки дирӯз бо шиносномаҳои русӣ фахр мекарданд, дарҳол ба ёд меоранд, ки шаҳрванди Ӯзбекистон/Тоҷикистон/Қирғизистон ва ғайра мебошанд ва аз ин рӯ, ба ҳеҷ ваҷҳ онҳо набояд даъват шаванд”, – шарҳ додааст навори видеоро Матвееев.

Ӯ ҳамчунин таъкид доштааст, ки аз лиҳози қонунгузории Русия онҳо низ “дақиқан ҳамон гуна уҳдадорони ҳарбӣ мебошанд, ки русяигиҳо аз рӯйи ҷойи таваллуд шаҳрвандӣ гирифтаанд”.

Илова бар ин, вакил дар ин шабака назарпурсӣ роҳандозӣ намудааст, то бифаҳмад, ки қарори аз шаҳрвандии дарёфтаи Русия маҳрум кардани афроде, ки худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд ва аз иҷрои уҳдадории ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, ҷонибдорӣ мешавад ё не.

То кунун зиёда аз 7100 нафар дар ин назарсанҷӣ овоз дода, 90%-и онҳо ҷонибдории худро изҳор намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли равон Михаил Матвеев пешниҳод намуда буд, ки барои иштирок дар ҷанги Русия ва Украина “баталйон (воҳиди низомӣ)-и тоҷикӣ” ташкил карда шавад.

Вакили парлумони Русия гуфт, сабаби асосии дар ҳошия мондани зодагони Осиёи Марказӣ аз ҷанг созишнома дар бораи душаҳрвандӣ аст, зеро Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони худро дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар манъ мекунад.

Баъди ин, чанде аз вакилони Думаи давлатӣ ба таҳияи як қатор тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ иқдом карданд, то душаҳрвандиро манъ ё онро ба таври дахлдор тасҳеҳ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.