Дарозтарин нақб дар роҳи Душанбе – Кӯлоб барои таъмир баста шуд

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи нақби “Хатлон”, ки лар роҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ воқеъ аст, то 17 августи соли ҷорӣ боздошта мешавад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон. Сабабаш “баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва беҳтар намудани вазъи бехатарии ҳаракати нақлиёт дар километри 36-уми роҳи мошингарди Душанбе- Кӯлоб маънидод мешавад. Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки […]

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи нақби “Хатлон”, ки лар роҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ воқеъ аст, то 17 августи соли ҷорӣ боздошта мешавад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Сабабаш “баргузории корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва беҳтар намудани вазъи бехатарии ҳаракати нақлиёт дар километри 36-уми роҳи мошингарди Душанбе- Кӯлоб маънидод мешавад.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки дар муддати ду ҳафтаи наздик аз роҳи пешина – тарқи ағбаи Чормағзак истифода кунанд.

Нақби автомобилгарди “Хатлон” моҳи октябри соли 2013 ба истифода дода шуд. Масофаи он 4430 метрро ташкил медиҳад.

Иншооти мазкур, ки арзишаш ҳудуди 70 млн долларро ташкил медиҳад, аз ҷониби ширкати China Road-и Чин дар зарфи се сол сохта шуд.

Дар километри 68-уми роҳи Душанбе – Кӯлоб ҳамчунин нақби “Озодӣ (собиқ Шар-Шар) бо масофаи 2224 метр воқеъ аст, ки бо харҷи 38 млн доллар сохта шуда, моҳи августи соли 2009 ба истифода дода шуд. Амалисозии лоиҳаи сохтмони онро Корпоратсияи сохтмони роҳи оҳани Чин (CREC) анҷом дод.

Айни замон дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 5 нақб сохта шудааст, ки масофаи умумии он зиёда аз 18 км-ро ташкил медиҳад. Ҳамаи онҳо дар ду даҳсолаи ахир ба маблағи умумии беш аз 250 млн доллар сохта шудаанд.

Ба ҷуз ду нақби дар боло зикршуда, боз се нақб дар роҳи мошингарди пайвасткунандаи Душанбе бо қисмати шимолии кишвар (вилояти Суғд) – “Истиқлол”, “Шаҳристон” ва “Дӯстӣ” амал мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.