Мурғоб Марғоб мешавад? Кумитаи забон мехоҳад номи қариб 13 ҳазор маҳалли аҳолинишин ва объекти ҷуғрофиро иваз кунад

Номи 12 ҳазору 778 маҳали аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофиро дар Тоҷикистон иваз мекунанд, ки дар байни онҳо ноҳияи Мурғоб низ ҳаст. Дар ин бора Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон имрӯз, 3-юми август, дар нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ин номҳо ба қонунгузории Тоҷикистон, қоидаҳои имло ва меъёри забони тоҷикӣ […]

Номи 12 ҳазору 778 маҳали аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофиро дар Тоҷикистон иваз мекунанд, ки дар байни онҳо ноҳияи Мурғоб низ ҳаст. Дар ин бора Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон имрӯз, 3-юми август, дар нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ин номҳо ба қонунгузории Тоҷикистон, қоидаҳои имло ва меъёри забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода ноҳияи Мурғобро мисол оварда, гуфт, шакли дурусташ Марғоб ва ё Марғеб аст.

“Мо ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод кардем, ки номи Мурғоб ба Марғоб иваз карда шавад”, – гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Ба қавли ӯ, аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳот номи 5 ҳазору 83 маҳалли аҳолинишин ва қариб  7 ҳазору 700 мавзеъҳои ҷуғрофӣ, ки ба меъёри забони тоҷикӣ ва қоидаҳои имло мутобиқат намекунанд, муайян ва барои иваз кардан ба мақомоти маҳаллӣ пешниҳод шудааст.

Бояд гуфт, ки раванди ивази номи маҳалҳо ва объектҳои ҷуғрофӣ аз мақомоти маҳаллӣ оғоз гардида, қарори ниҳоиро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд.

Ба гуфтаи Олимҷон Муҳаммадҷонзода, номҳои маҳалҳои аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофӣ мутобиқ ба қонуну қоидаҳои забони тоҷикӣ, имлои забони тоҷикӣ, тартиби номгузории таърихӣ ва суннатҳои таърихии номгузории тоҷикӣ иваз крада мешавад.

Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ номҳои чандин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иваз шуда, (баъзеашон якчанд маротиба), бархе мақоми шаҳрро соҳиб шуданд ё аз нав таъсис дода шуданд. Дар ин маводи мо бо номҳои собиқ ва имрӯзаи чанде аз шаҳру навоҳӣ муфассалтар шинос шуда метавонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.