Боздошти 2 ронандаи “маршрутка” дар Душанбе: онҳо назди мусофирон бо ҳам занозанӣ карданд

Кормандони милитсия ду ронандаи микроавтобус (маршрутка)-и “Спринтер”-ро, ки дар ҳузури мусофирон ҳамдигарро лату кӯб карданд, боздошт намуданд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе. Рӯзи 1 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои занозании ду ронандаи микроавтобус нашр шуд, ки вокуниши манфии ҷомеаро ба бор овард. Мақомоти милитсия худи ҳамон рӯз сокинони Душанбе – Қаҳрамон Холоови […]

Кормандони милитсия ду ронандаи микроавтобус (маршрутка)-и “Спринтер”-ро, ки дар ҳузури мусофирон ҳамдигарро лату кӯб карданд, боздошт намуданд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Рӯзи 1 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои занозании ду ронандаи микроавтобус нашр шуд, ки вокуниши манфии ҷомеаро ба бор овард.

Мақомоти милитсия худи ҳамон рӯз сокинони Душанбе – Қаҳрамон Холоови 35-сола ва Дилшод Хоҷаеви 40-соларо боздошт кард, ки ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул будаанд.

“Онҳо рӯзи 1-уми август, тақрибан соати 16:30 дақиқа зимни ҳаракат дар кӯчаи А.Ғуломов барои пештар гирифтани мусофир байни ҳамдигар сабқат намуда, ба ҳаракати якдигар халал расонида, ҳолати хатарнокро ба миён овардаанд. Дар натиҷа, бо алфози қабеҳ дар байни шаҳрвандон ҳамдигарро дашном намуда, ҳамзамон якдигарро мавриди лату кӯб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар ду ҷониб тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шудааст.

Ҳамзамон, нисбати ҳар ду ронанда барои ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.