Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард

Имрӯз, 4-уми август, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба шаҳри Ишқободи Туркманистон сафар кард. Тавре хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури кишвар иттилоъ  медиҳад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд Ёдрас […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Имрӯз, 4-уми август, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба шаҳри Ишқободи Туркманистон сафар кард.

Тавре хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури кишвар иттилоъ  медиҳад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июл дар ҷараёни конфронси видеоӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии се кишвар: Сироҷиддин Муҳиддин (Тоҷикистон), Рашид Мередов (Туркманистон) ва Бахтиёр Саидов (Ӯзбекистон) корҳои омодагӣ ба нишасти мазкур баррасӣ шуданд.

Он замон вазирон лоиҳаи барнома, рӯзномаи ҷаласаи дарпешистода, инчунин лоиҳаи ҳуҷҷати ҷамъбастии нишастро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешуд дар ин нишаст баррасӣ ва табодули назар оид ба масоили муҳими ҳамкориҳо ва рушди минтақа, имкони таҳкими муносибатҳои сулҳомез ва субот дар қаламрави Осиёи Марказӣ дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.