Раҷаб Мирзо: “Бо Эмомалӣ Раҳмон чандин бор мусоҳиба оростаам”

Date:

Имрӯз, 10-уми август, яке аз журналистони шинохтаи Тоҷикистон Раҷаби Мирзо зодрӯз дорад ва 50-сола мешавад. Ҳамчунин, се рӯз пеш, 7-уми август аз таъсиси ҳафтаномаи "Рӯзи нав", ки муассис ва сармуҳаррираш маҳсуб меёбад, 20 сол пур шуд.

Муаллифи "Азия-Плюс" бо Раҷаби Мирзо доир ба пайраҳаи ноҳамвори рӯзгор, журналистикаи имрӯз, майдонҳои нав, журналистони ҷавон, мушкилоти соҳа, тавлиду хомӯшии ҳафтаномаи "Рӯзи нав" ва умеду нақшаҳои оянда суҳбат кард.

Гуфтори аввал:

Саргаҳ

– 50-солагӣ барои шумо чӣ маъно дорад?

– Дар тифлӣ марди 50-сола бароям пир менамуд. Шояд ҷавонону наврасон ҳоло моро пир меҳисобанд, аммо ба назари ман, пир одамест, ки зарфияту ҳавас ва ҳавсалааш кам мешавад. Худро ҳоло чунин намебинам. Аммо дар мавриди 50-солагӣ ман аз тифлӣ назари дигар доштам. Ҳамеша орзу доштам, ки агар Худо маро ба он син расонад, ба Ҳаҷ меравам. Шукри Худо ин яке аз орзуҳои дигари ман буд, ки амалӣ шуд. 15 рӯз то қадам мондан ба 50 – солагиам буд, ки соли гузашта Замини Муқаддасро зиёрат кардам, Худо қабулаш фармояд. Чаро дар панҷоҳсолагӣ? Дар тасаввури ман ҳамин буд, ки зиндагии одам аз ду қисмат иборат аст: то ва пас аз 50 -солагӣ.

– Дар 50-солагӣ як нафар бояд чӣ дошта бошад, ки шумо ҳоло надоред?

– Як кори мӯътадилу устуворе, ки зиндагии ӯро ба таври шоиста таъмин намояд. Бо сабаби надоштани ҳамчунин коре, баъзан корҳоеро мекунам, ки худам намехоҳам. Албатта, корҳоеро дар назар надорам, ки боиси сархамӣ гашта бошад, ё ба принсипҳои ман мухолифанд. Ин гуна корҳо, ҳатто вақте пешниҳод шаванд ё гоҳе агар ҳатто дар фикр пайдо шаванд, ҳамон замон қотеона посухи “не!” мегиранд. Бовуҷуд, фикр дорам баъзе корҳоро аз маҷбурӣ мекунам, то нони ҳалоли худу оиларо таъмин намоям.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Имрӯз қарз, тарс, нофаҳмӣ, беҷуръатӣ… доред?

– Аз ҳамааш кам-кам дорам. Як рӯз дӯсте занг заду пурсид, ки куҷоам. Гуфтам пушти дари бонк, то қарзи худро супорам. Гуфт, бовар надорад, ки ман ҳам қарздор бошам. Ба шӯхӣ посух додам, ки “чӣ, мо одам нестем?”

Аз худам калонсолтарҳоеро мебинам, ки чӣ шармандагиҳое тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ё расонаҳое, ки доранд, мекунанд. Баъзан фикр мекунам, онҳо пир шудаанд ва ин ҳолат маро аз пирӣ метарсонад.

Нофаҳмии ман ҳоло аз “дӯстонест”, ки дар ҳаққи ман  бадӣ кардаанд. Аммо вақти мулоқот чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё чизе нашудааст. Шояд худам гунаҳкорам, ки вақти бадиҳошон дар рӯяшон мегӯям, “бароятон бо бадӣ посух намедиҳам”. Онҳо шояд инро заъфи мо ё дурустии кори худ мепиндоранд, ки чанд бор такрор мекунанд…

Беҷуръат, ба фикрам нестам. Вале гап сари ҷуръат ҳам нест. Масалан, мо бисёр чизҳоро мегӯем, ҳатто ҳама чизро. Оё чизе тағйир ёфт? Тарс аз он дорам, ки сухан ҳам акнун беқадртар шавад. Вагарна ҳоло ҳам мутмаинам: ҳама чиро гуфтан мумкин, фақат услуби хос.

– Дар ин шабу рӯз зиндагӣ кардан душвор аст?

– Не, одам мондан душвортар аст.

– Аз умри рафта изҳори пушаймонӣ доред?

Намедонам ин байт аз кист, ки Саидқул Билолов месарояд. Ба ҷои посух ҳаминро беҳтар медонам:

Пушаймон нестам аз умри полида,

Ба пирӣ мерасам аз хеш болида.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҷаби Мирзо бо Фарҳоди Дарё, овозхони шинохтаи афғонистонӣ

Гуфтори дуюм:

Қаламу коғазу сигор

– Қаламу коғаз барои аксарият танҳо “аксессуар” аст, барои шумо чӣ?

– Қаламу коғаз барои ман рамзи истеъдод, мизони адолат аст. Борҳо шудааст, хоса вақте ки дар бораи касе менависам, ин чиз ба зеҳнам меояд: Худоё, кӯмакам намо, то тӯҳмат ё дурӯғ нагуфта бошам.

– Аввалин матолибатон дар кадом нашрия чоп шуд ва аз аввалин гонораратон чӣ монда ба хотир?

– “Пионери Тоҷикистон”. Ҳаққи қаламро ҳамроҳи ҳамсинфам Ҷамшед, ки ҳоло табиб аст, сарф кардем. Китоб ҳам харидем. Воқеан, ман ҳанӯз аз синфи 7 буданам китоб ҷамъ меовардам.

– Оё маҳорати навиштанро омӯзонидан мумкин аст?

– Навиштани даврони мо аз имрӯз сахт фарқ дорад. Он замон метавонист. Шояд имрӯз ҳам. Аммо гап сари тағйир ёфтани майлонҳои эҷодист. Ҳоло ҳатто рақамҳо ҳарф мезананад. Масалан, “Дата –  журналистика”. Албатта, ин ҷо мисли ҳамон матн навиштан ҳунари халлоқӣ (креативӣ) даркор, аммо шумо метавонед як ҷумла навишта натавонеду ин корро анҷом диҳед. Дар кишварҳои пешрафта аллакай робот – журналист пайдо шудааст ва матни хушки журналистӣ навишта метавонанд. Намедонам, жанрҳои публисистӣ – бадеӣ дар оянда даркор мешаванд ё не, аммо имрӯз ба назар мерасад, мардум дар ҳар ҷо бештар думболи рақаму маълумотанд, на маъниву зебобаёнӣ.

Навиштани мо, ба назарам, маънои ба мардум фаҳмонидани чизеро дошт. Ҳоло мисле, ки одамон худашон қобилияти фикр кардану хулоса бардоштанро бештар доранд.

– Дафтари тарона ҳам доштед бо номи “Поизи баҳор”. Чаро ҳоло ба назар мерасад, ки зиддӣ таронаву ҳикоянависии журналистони ҷавонед?

– Як шиносам мегуфт, ки дар ҷавонӣ шеър менавишт, аммо онҳоро зуд даронда мепартофт, аз тарси он ки “дар пирӣ девона нашаваму онҳоро чоп кунам”. Дафтари таронаҳои ман ҳам ҳоло куҷое дар анбӯҳи бойгониам ҳаст. Таронаҳои ман ҳам бештар “хушк ва журналистӣ” буданд. Обуранги зиёд надоштанд. Ду ҷумлаи кӯтоҳ аз ҳама зиёд.

Ман фикр мекунам барои журналист суханбозӣ ҳамеша халал мерасонад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Бо сигор чӣ гуна “дӯст” ва ҳамакнун, “душман” шудед? Он ба эҷодкор чӣ медиҳад?

– Сӣ сол ман “нозу карашма”- и сигорро бардоштам. Ҳар рӯз ду қуттӣ дуди сигор ва панҷоҳ сомонӣ ба ҳаво мерафт. Шояд ҳамин тасаввури ғалат моро бо ҳам шинос кард, ки гӯё як одами эҷодӣ ҳатман бояд сигор кашад. Комилан ғалат аст. Ҳар касе ба ин “беморӣ” гирифтор шуд, як фикр ҳамеша дар сар дорад: аз ин бало чӣ гуна халос шавам? Пас беҳтар аст аз ибтидо бо ӯ “дӯст” нашуд. Чӣ хел бас кардам? 26 июни соли 2022, агар хато накунам, нависандаи хубамон Абдуқодири Рустам қиссаи сигоркашии худ ва чӣ гуна аз он раҳо шуданашро навишт. Ман ҳам дар шарҳи он навиштам, ки 27 июн дар Рӯзи ваҳдат ман бо сигор “ҷанг” эълон мекунам. 28 июн сафари Ҳаҷ доштам.  Бо ҳамин тамом. Албатта, он сафар бароям кӯмак кард. Аммо ирода муҳимтарин ҷузъ аст дар ин гуна ҳолатҳо. Зеро дар он Сарзамини муқаддас ҳам кам набуд одамоне, ки сигор дуд медоданд. 

Гуфтори сеюм:

Пайраҳаи ноҳамвор

– Довталабии шумо аҷиб буд. Соли аввал муваффақ нашудед ва соли дуюм яку як бора дар ду донишгоҳ ҳуҷҷат супоридед ва донишҷӯи ду мактаби олӣ шудед. Ба мо қиссаи дохилшавӣ ва донишҷӯи ду донишгоҳ буданро нақл кунед.

– Соли аввал на танҳо ман, балки се нафар аз Кӯлоб – Адолати Мирзо ва Барот Юсуфӣ ба шӯъбаи журналистикаи ДМТ дохил нашудем. Ҳарчанд ҳар се мактабро бо медал хатм карда будем. Он замон “махсусиятҳо” дошт дохил шудан ба донишгоҳҳо. Соли дуюм, ки дохил шудем, 7-8 нафар онҳое буданд, ки мактабро бо медал, ё омӯзишгоҳро бо дипломи сурх хатм кардаанд. Сифати онвақтаи довталабону донишҷӯёни шӯъбаи журналистикаи ДМТ –ро аз ин ҳолат фаҳмидан мумкин, новобаста ба “махсусиятҳо” –и он давра.

Солҳои 1991-92 довталаб имкон дошт, ки якбора дар ду донишгоҳ ҳуҷҷат супорад. Ман ҳам ба шуъбаи журналистии ДМТ  ва “барои мабодо” ба факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи омӯзгорӣ (бахши англисӣ) ҳуҷҷат супоридам. Хушбахтона, дар як вақт донишҷӯи ду донишгоҳ шудам. Ҳамроҳи ҳамсабақам Моҳира Раҳимова – духтари академики машҳур Раҳимов, соати 12:10 аз ДМТ мебаромадем ва саросемаву аксари вақт бо таксӣ то соати 12:30 худамонро ба ДОТ мерасондем. Ҳамин аҳвол тақрибан як нимсола давом кард. Ахиран ба қароре омадам, ки бароям мушкил мешавад. Аз баҳри факултаи забонҳои хориҷӣ гузаштам.

– Оё бори номи журналистиро бардоштан осон аст?

– Агар принсипу арзишҳои касбиро қоилед, бале. Бубинед, онҳое ин касбро бадном мекунанд, ки ин чизҳоро надоранд. Бе принсипу арзишҳо дар ҳар касби дигар ҳам, ки бошанд, онро беобрӯ мекунанд.

– Рисолати журналист назди ҷомеа чист?

– Журналист ду таъиноти касбӣ дорад: хабар додан ва ташаккули афкори ҷамъиятӣ. Аммо дар ҷомеаҳое мисли мо ҳамкасбонамон бояд такягоҳ, умедбахши мардум ҳам бошанд.

– Ҳоло журналистикаи мо чӣ мушкилии аслӣ дорад?

– Камии журналистони принсипноку ба арзишҳо қоил, набудани менеҷменти касбӣ ва адами фазои мусоид барои онҳое, ки ҳунари касбӣ доранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҷаби Мирзо бо овозхонҳои шинохтаи тоҷик Ҷонибек Муродов ва Садриддини Наҷмиддин

– Мо бисёр мешунавем, ки журналистика соҳаи камбағал аст дар Тоҷикистон. Ба ин фикр розиед?

– Камбағалии молиявӣ? Тавре мебинед, ман онро дар рӯйхати мушкилоти аслӣ зикр накардам. Ҳанӯз замони донишҷӯӣ бо декани факулта, устоди гиромӣ, профессор Иброҳим Усмонов сари саволи “барои журналист мустақилияти иқтисодӣ муҳимтар ё озодии сиёсӣ” баҳс доштем. Ман ҳамеша дуюмиро интихоб кардаам.

Намешавад гуфт, ки бе пул имкон дорад ҳама чиро соҳиб шуд. Аммо, бовар кунед, пул ёфтан мумкин. Имрӯз “журналистикаи ҷамъиятӣ” ҳам дар кишварҳои пешрафта маъмул аст, ки танҳо аз мухотабони (аудитория) худ вобастаанд. Онҳо ҳатто реклама надоранд. На сиёсӣ, на тиҷоратӣ. Тақрибан монанд ба шабакаҳои телевизионии кабелие, ки ҳоло мо дорем. Аммо розиам, ки журналистикаи мо аз лиҳози тахаюл, халлоқият (креатива) камбағалӣ дорад. На ҳамеша бо гуноҳи журналистон ва соҳибони расонаҳо.

– Бархеҳо ба он назаранд, ки маҳз насли шумо (шояд на худи шумо) журналистикаро дар Тоҷикистон ба ин ҳад хор кард. Яъне: зиёд созишкорӣ карданд ва манфиати шахсӣ ҷустанду журналистикаро қурбон карданд. Розиед бо ин фикр?

– Шояд сару садои зиёд ва дағалтар аз ин ҳам ҷо дорад, ки мо нашунида бошем. Аммо гап аслан сари насл намеравад. Фазо ва муҳит, интизориҳо, ҷузъи муҳим барои корҳои ҷиддӣ мебошанд. Одамон, албатта метавонанд интизориҳои бештар дошта бошанд.

Мо онҳоеро, ки ба принсип ва арзишҳо арҷ мегузоранд, мешиносем. Бигзор кам ҳам бошанд. Созишкорӣ ва "бале"- гӯиҳо ҳамеша буданд. Аммо онҳо мисли рӯзҳои мо сахт шунаво набуданд. Ин сабабҳои хос дорад. Агар таваҷҷӯҳ кардаед, баъзан дар тавсифи бархе ҳамкасбон менависам: "бо сабабҳои хос зарфиятҳояшро ошкор карда наметавонад". Манзур фазо ва муҳити умумист. Мутаассифона, қурбониҳои зиёд доштем. Аз ҷумла ҳамин солҳои охир.

– Шумо дар факултети журналистика 2 сол дарс гуфтаед. Чаро аз донишгоҳ баромадед?

– Ман замоне курси махсус барои курсҳои чор доштам, ки сахт банд будам. Аввал дар нашрияҳои дигар, баъд “Рӯзи нав”. Аммо баъд аз ҷониби роҳбарияти факулта чунин пешниҳод нашуд. Ҳарчанд акнун фурсати бештар доштам. Манзурам пас аз соли 2005.

– Доир ба вазъи имрӯзаи факултаву бахшҳои рӯзноманигорӣ огаҳӣ доред, баҳои шумо чӣ гуна аст?

– Ман аз рӯи коромӯзоне метавонам баҳо бидиҳам, ки аз ин факултаву бахшҳои журналистӣ пеши мо меоянд. Тавре худи муаллимони факулта ҳам мегӯянд, ба баъзе донишҷӯён навиштани журналистӣ не, бехато навиштани ному насабашонро бояд ёд дод. Инро мо дар симои баъзе коромӯзҳо низ эҳсос мекунем.

– Агар дар низоми таълими риштаи рӯзноманигорӣ коре аз дастатон ояд, чиро иваз мекунед?

– Борҳо гуфтаем, факултаву бахшҳои зиёди журналистиро бояд барҳам дод. Замони шӯравӣ ҳамагӣ 25 нафар шӯъбаи журналистикаро хатм мекард, аммо босифат. Ҳоло ҳама донишгоҳҳо тақрибан журналист тайёр карданӣ мешаванд. Ҳол он ки ҳеҷ гуна имконият надоранд. Бигзор ҳама имконот дар факултаи журналистикаи ДМТ ҷамъ шавад. Дуруст, ман мебинам дар донишгоҳҳои Бохтару Хуҷанд ва Донишгоҳи славянӣ баъзе зарфиятҳо ҳосил шудаанд. Аммо бояд ин ҳамаро дар як марказ ҷамъ овард. Ҳоло шояд ба марказҳои қабули қарор чунин расонидаанд, ки журналист бояд таблиғгар (пропагандист) бошад. Мутмаинам ин иштибоҳи худро баъдтар мефаҳманд. Тафаккури интиқодиро тамоми кишварҳои пешрафта рушд медиҳанд, дар мо баръакс.

Дуюм, қабул ба факултаи журналистика бояд аз Маркази миллии тестӣ бароварда шавад, озмунҳои эҷодии пеш аз имтиҳон эҳё гарданд. Дар он сурат пули буҷет беҳуда сарф намешавад ва мо ҳам соҳиби журналисти воқеӣ мешавем.

Сеюм, кафедраҳои факулта набояд мисли замони шӯравӣ “матбуот”, “ТВ ва радио” ва мисли ин бошанд. Ҳоло дар тамоми кишварҳои пешрафта факултаҳои журналистӣ кафедраҳои “журналистикаи сиёсӣ”, “журналистикаи иқтисодӣ”, “журналистикаи варзишӣ” ва мисли ин доранд. Агар дар мо ҳам чунин шавад, зарурат ба бахшу факултаҳои журналистӣ дар донишгоҳҳои дигар намемонад. 

– Оё ба журналистони оянда бовар кардан мумкин аст?

– Дар яке аз факултаҳои журналистии яке аз донишгоҳҳои Амрико аз донишҷӯён пурсидам, ки чанд нафар пас аз хатми донишгоҳ журналист шуданист? Аз байни 20-25 нафар ҳамагӣ 4- 5 кас посухи мусбат дод. Дигарон гуфтанд, ки дар бахшҳое аз журналистика, аз ҷумла маркетинг ва мисли ин кор карданианд, ё умуман аз интихобашон пушаймон шудаанд. Тасаввур намоед, ки ин саволро аз донишҷӯёни мо пурсед. Бовар дорам 25 дастро боло мебинед, ки мегӯянд журналист шуданианд, ҳарчанд дилашон чизи дигар мегӯяд. Хелеҳо тасодуфан аз рӯи тақсимоти Маркази миллии тестӣ ба ин факулта афтодаанд. Ба инҳо шумо бовар мекунед? Ман ба ояндаи журналистии онҳое бовар дорам, ки дар Амрико гуфтанд журналист шуданӣ нестанд.

Гуфтори чорум:

 “Рӯзи нав”

– Шумо дар суҳбате гуфта будед, ки “Рӯзи нав” ба журналистикаи тоҷик самти нав дод. Яъне чӣ?

– Агар ин ҷумларо гуфтаам, пас бояд иқтибос аз касе бошад. Дар ҳақиқат чунин суҳбатҳое буд. Тасаввур намоед, ки он замон матбуоти серхаридор нашрияҳои саргармкунандаву хиёбонӣ буданд, ки онҳоро “зард” меноманд. Аммо  “Рӯзи нав” дар шумораи сеюми худ нашрияи аз ҳама серхаридорро аз лиҳози теъдод гузашт. Муҳтавои нашрияҳо ҳам тағййр ёфт, ҳарчанд қаблан фикр мекарданд, мавзӯъҳои сиёсиву иҷтимоӣ хонандаи зиёд надорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Номи “Рӯзи нав”-ро худатон гузоштед?

– Сабаб озмуне шуд, ки ҳамасола 3 май вобаста ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот сурат мегирад. Соли 2002 аксарияти ҷоизаҳоро матбуоти русзабон гирифт. Мо пеши худ мақсад гузоштем, ки бояд як нашрияи тоҷикзабони муваффақ ташкил кард. Он замон таъсиси нашрия кори душворе набуд аз нигоҳи расмиёт ва сабти ном. Ниҳоят соли 2003 ман 30 – солагиамро бояд таҷлил мекардам ва ташкили ин нашрия армуғон ба ин сана буд. Воқеан, ҳайати асосии мо, яъне роҳбарикунанда ҳамагӣ ҳамсабақони 30 – сола будем. Зимнан, соли 2003 аксари ҷоизаҳои асосии 3 майро бачаҳои “Рӯзи нав” гирифтанд.

Варақе, ки дар он 20 – 30 ном барои интихоб доштем, то ҳанӯз дар бойгониам ҳаст. Бо Фахриддини Холбек баҳсҳои зиёд доштем. “Рӯзи нав” он замон номи барномаи субҳгоҳии радиои “Ватан” буд, ки ҳоло бо номи “Субҳи Ватан” мешиносанд. Ахиран интихоб сари он шуд.

– Дар шумораи аввали “Рӯзи нав” колонкае навиштаед бо номи “Ғарази мо беғаразист”. Дар он ин суханҳо ҳастанд: “Имрӯз ҳар нафаре, ки ду ҷумларо бо ҳам пайваст карда метавонад, худро журналист ва агар он ҷумлаҳо дар вазн каме мувофиқ оянд шоир метарошад” ва боз бисёр ҷумлаҳое, ки имрӯз ҳам дарду проблемаи мо ҳастанд. Чаро дар 20 сол мо проблемаҳое, ки шумо гуфтед ҳоло ҳам ҳал карда натавонистем?

– Зеро журналисти соҳибарзиш ва принсипнок “не” гуфта метавонад. Ба ҳамаи онҳое, ки зидди арзиш ва принсипҳояш мебароянд. Мутаассифона дар мо ҳоло эҳсос мешавад, ки аз ҳама ҳарфи зиёд дар муқобили мушкилоти касбӣ “бале” аст.  

– Агар ҳоло “Рӯзи нав” мебуд, чӣ дигаргунӣ мебуд?  

– Борҳо ба баъзе ҳамкасбонам, ки ҳоло нашрия доранд, мегӯям, агар “Рӯзи нав” ҳам мисли нашрияҳои шумо мебуд, ҳамон беҳтар аст, ки аз чоп монд. Ман ҳоло ҳам чанд лоиҳаи нашрия дорам, ки мутмаинам муваффақ хоҳанд буд, агар фаъол шаванд. Аммо пас аз он ки аз “Имрӯз нюс” рафтам, ман қавл додаам, ки агар ба журналистикаи матбуотӣ бармегардам, ҳатман он нашрияи ҳаррӯза хоҳад буд.

– Чаро кӯшиш накардед, ки дигарбора расонаи худро созед? Кӣ ё чӣ иҷоза надод?

– Барои ифтитоҳи кори нав муҳим кафолат аст. Мутаассифона, қонун ҳам баъзан наметавонад кафолатро таъмин намояд. Барои ҳамин, вақте аз ман дар бораи сатҳи озодии сухану матбуот ва қонунмандиҳо мепурсанд, ин мисолро меорам: "Тасаввур намоед, ки саҳари барвақт радио хабар медиҳад: ҳаво офтобист, аммо аз тиреза мебинед барфу борону жола меборад". Шумо ба кӣ бовар мекунед? Бо худ чатр мегиред, ё радио гуфт, ки офтобист гуфта, бо либоси тунук ба кӯча мебароед? Вақте иқдоме карданӣ мешавед, бояд ин ҳамаро ба назар гирифт. Ба қатори ҷузъиёти менеҷмент ин ҳам дохил мешавад. Агар инҳоро сарфи назар мекунед, дар нимароҳ мемонед, иддаоҳои бепоя низ нисбати Шумо зиёд мешаванд.

Гуфтори панҷум:

Чанд назар

– Тоҷик будан барои шумо чӣ маъно дорад?

– Бо гузаштаи худ ифтихор кардан ва барои ояндагон ифтихор сохтан.

– Чаро мо ҳоло ҳам ба ҷангҳои лафзии маҳаллӣ рӯ ба рӯ мешавем?

– Муҳит ва фазои танги иҷтимоӣ имкони фаротар фикр карданро намедиҳад.

– Дар интернет ба таҳқир дучор омадед ё касеро таҳқир кардед?

– Ман то он ҳад нотавон нестам, ки касеро таҳқир кунам. Барои ҳамин, вақте бандҳои марбут ба таҳқиру тӯҳматро аз Кодекси ҷиноӣ ғайриҷиноӣ карданд, гуфта будам барои ман ин муҳим нест. Зеро ҳич вақт касеро таҳқиру тӯҳмат накардаам ва намекунам. Маро бошад, оре, чанд махлуқи Худо таҳқиру тӯҳмат кардаанд, зеро чизи дигаре надоранд ҷуз ин.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Гуфтори шашум:

Тароша

– Мегӯянд, ки машҳуру шинохта, ки шудӣ, ҳама мушкилиҳои зиндагӣ бартараф мешаванд. Ба ин гуфта розиед?

– Баръакс. Дар мисоли худам мегӯям, ҳамарӯза он қадар мардум бо мушкилоти худашон муроҷиат мекунанд, ки мушкилоти худамро баъзан фаромӯш месозам. Аммо нерӯи нав мегирам. Зеро мебинам, чӣ қадар одам аз ман умед дорад. Баъзан худамро ба қавле мехӯрам, хоса вақте ба касе аз онҳо кӯмак карда наметавонам. Махсусан кӯмаки молиявӣ, ё вобаста ба масоиле, ки дар ҳаллаш дастам кӯтоҳ аст.

– Ҳар нафар як заифие дорад, ки он сабаби бисёр монеаҳо мешавад, заифии шумо чист?

– Хелеҳоро мисли худам тасаввур карда, иштибоҳ мекунам. Дар мактаби миёна устодамон Шариф Зайдулло, вақте бачаҳо бе тайёрӣ меомаданд ё беадабӣ мекарданд, мегуфт ин ҳамаро метавонад нодида бигирад. Даст болои синааш задаву мегуфт, “аммо ин ҷо дард мекунад!”. Ман ҳам баъзе чизҳоро дида, наметавонам бетараф бошам…

– Шабҳо дар бораи чӣ фикр мекунед?

– Ба назарам, агар одам фақат дар бораи як чиз фикр кунад, иқтидори зеҳниашро маҳдуд мекунад ва шояд касалии равонӣ ҳам шавад. Чунинҳоро баъзан мебинем. Пас доираи фикрҳоро ҳам бояд васеъ намуд. Бигзор дар бораи чизҳое фикр кард, ки фантастика намояд.

Ман дар тахаюлотам чандин бор бо Эмомалӣ Раҳмон мусоҳиба кардаам ва ӯ тасаввуроташро дар ин бора, ки журналистони тоҷик фақат дар бораи “саҳар чӣ мехӯред”, “гули дӯстдоштаатон кадом аст”, “овозхони маҳбубатон кист” ва мисли ин аз ӯ савол мекунанд, дигар кард. Воқеан, соли 2005 ё 2006 вақте аз президент пурсида буданд, ки чаро ба журналистони тоҷик мусоҳиба намекунад, тақрибан ҳамин посухро дода буд.

Ман борҳо дар тасаввуротам худро дар масъулияти судя, прокурор, вазир ва ҳатто президент дидаам. Танҳо ба он хотир, ки агар ман дар фалон ҳолате бошам, ки онҳо ҳастанд, чӣ кор мекардам. Ҷавобҳои ҷолибе пайдо шудаанд.

– Чӣ кор мекунед, вақте коре надошта бошед?

– Худам танҳо қадам мезанам, ки беҳтарин фикрҳо он гоҳ пайдо мешаванд. Бозиҳои компютерӣ мекунам ва худро дар ҳолатҳои мухталифи дар назар бе роҳи ҳал гузошта, аз онҳо мебароям. Воқеан, дар ҳаёти воқеӣ ҳам чандин бор ҳолати бӯҳрониро то авҷаш бурдаам, то ин ки нерӯи худро санҷам: оё аз ин ҳолат баромада метавонам? Ё филмҳои романтикӣ тамошо мекунам. Баъзан дар як рӯз 7 – 8 филм.

– Боре шудааст, ки хоста бошед зиндагиятонро аз нав оғоз кунед?

– Шудааст, аммо чизҳои зиёде тағйир наёфтаанд дар он тасаввур ҳам.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Кадом вақт шумо аз худатон розӣ ҳастед?

– Ман ҳам ба ин фикр розиам, ки агар аз худ розӣ бошӣ, пас иқтидор тамом шудааст.

– Аз ҳама чизи бад барои инсон чист?

– Фурӯхтани арзишу муқаддасот. Ба ивази ҳар чизе набошад. Мутаассифона, ҳоло ҳамин хиёнат ба арзишҳоро дар амалкарди онҳое мебинем, ки замоне аз худ пешво метарошиданд.  Оре, андешаи одам вобаста ба фаҳмиш, гардишҳо метавонад дигар шавад. Аммо ин ба арзишҳову принсипҳо дахл надорад. Арзишу принсипҳо ё ҳастанд, ё не. Онҳо дигар намешаванд, фурӯхта мешаванд…

– Агар имрӯз охирин рӯзи ҳаёти Шумо бошад, чӣ кор мекунед?

– Чӣ кор мекардам?  Намедонам. Аммо, ба назари ман, марг бояд як чизи аз тасаввур берун бояд бошад. Онро ба нақша гирифтан, шакл додан мумкин нест. Фақат худкуширо мешавад ба нақша гирифт, ки ин гуноҳи азим аст. Барои ҳамин, доим ишора мекунам, ки марг ва ишқ ба ҳам синониманд, чун якбора меоянд. Инро мегӯянд, марги зебо.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...