КҲФ Тоҷикистон ҷиҳати интихоби довталабон барои таҳсил дар Беларус озмун эълон мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон барои интихоби довталабон ба Донишгоҳи мудофиаи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Белорус барои солҳои таҳсили 2023-2024  озмун эълон мекунад. Дар ин озмун ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд. Тавре ки маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, касоне, ки пазируфта мешаванд, бо ҷойи зисти ройгон дар хобгоҳ таъмин мешаванд. Онҳо […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон барои интихоби довталабон ба Донишгоҳи мудофиаи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Белорус барои солҳои таҳсили 2023-2024  озмун эълон мекунад. Дар ин озмун ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, касоне, ки пазируфта мешаванд, бо ҷойи зисти ройгон дар хобгоҳ таъмин мешаванд. Онҳо ҳамчунин дар давоми таҳсил бо идрорпулӣ (стипендия) ба андозае, ки қонунгузориҳои ин кишвар барои донишҷӯён пешбинӣ кардааст, таъмин карда мешаванд.

Номзадҳо аз натиҷаи имтиҳонот аз фанни забони русӣ ва меъёрҳои омодагиҳои ҷисмонӣ қабул карда хоҳанд шуд.

Муҳлати омӯзиш 4 сол буда, хатмкардагон соҳиби тахассуси “Бакалавр” ва рутбаи ҳарбии “лейтенант” мешаванд.  Шакли таҳсил рӯзона. Курсантҳо танҳо роҳкирои расидан то макони таҳсилро мепардозанд.

Шарти ягона он аст, ки курсантҳо баъди хатми донишгоҳ барои идомаи фаъолият дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ватан баргарданд.

Хоҳишмандон барои ширкат дар озмун бояд то 20-уми моҳи августи соли 2023 аризаи худро ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии КҲФ супоранд.

Ҳуҷҷатҳо бо суроғаи: 734013, ш. Душанбе, кӯч. Лоҳутӣ, 26, Раёсати кадрҳо қабул карда мешаванд.

Телефонҳо барои маълумот: (+992 37) 227-71-81, Факс: 221-91-19 ва ё дар Раёсатҳои вилоятии КҲФ:

– дар ВМКБ– (3522) 2 40 57, 93 880 28 77;

– дар вилояти Суғд-(3422) 5 79 95, 93 880 28 57;

– дар вилояти Хатлон – (3222) 2 78 27, 93 880 28 89;

– шуъбаи КҲФ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб -(3322) 2 16 56, 93 880 29 07.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.