Зоҳири Ағбар аз чеҳраҳои сиёсӣ ва ҳукуматдорони пешини Афғонистон шадидан интиқод кард

Имрӯз, 14-уми август, Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар нишасте дар Душанбе аз ҳукуматдорони пешини кишвараш шадидан интиқод карда гуфт, “паёмади кори иддаеро миллати мазлум дода истодааст”. Дар робита ба дусолагии фаъолияти гурӯҳи Толибон дар Афғонистон, сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон нишасти “Ду соли султаи Толибон ва фоҷеаи таърихии мардуми Афғонистон”-ро роҳандозӣ карда, гурӯҳи Толибонро […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 14-уми август, Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар нишасте дар Душанбе аз ҳукуматдорони пешини кишвараш шадидан интиқод карда гуфт, “паёмади кори иддаеро миллати мазлум дода истодааст”.

Дар робита ба дусолагии фаъолияти гурӯҳи Толибон дар Афғонистон, сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон нишасти “Ду соли султаи Толибон ва фоҷеаи таърихии мардуми Афғонистон”-ро роҳандозӣ карда, гурӯҳи Толибонро ба поймолкунии ҳукуқи башар маҳкум намуд.

Дар ин нишаст намояндаи СММ, сафари Фаронса дар Тоҷикистон, дигар чеҳраҳои шинохта ва муҳоҷирони афғонистонӣ ширкат доштанд.

Муҳаммад Зоҳири Ағбар зимни суханрониаш дар ин нишаст аз касе ном набурд, аммо аз бархе ҳукуматдорони пешин ва чеҳраҳои матраҳи Афғонистон шадидан интиқод кард.

Ӯ гуфт, “паёмади кори ҳукуматдорон ва чеҳраҳоеро, ки замоне даъвои ҳубби ватан доштанд, ҳоло на худашон медиҳанд, на фарзандонашон, балки миллати мазлуми ман дода истодааст”.

“Қаҳрамонҳои милли Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббониро кӣ пуштибон буд? НАТО? СММ? Амрико? Не! Онҳо бидуни пуштибон ҳамвора зидди ин гурӯҳи террористӣ ҷангиданд. Аммо сарони ҳукумати пешини Афғонистон ва дигар чеҳраҳои таъсиргузор, ки иддаои то охирин лаҳза бар зидди Толибони ғаддор истоданро доштанд, дар лаҳазоти аввал миллатро танҳо гузаштанд ва рафтанд”, – гуфт Зоҳири Ағбар.

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар идомаи сӯҳбаташ аз “ғаддории Толибон” ҳам интиқод карда, гуфт, “ҳоло мардуми Афғонистон набояд рӯҳафтода шаванд ва мо ҳамоно бар зидди Толибон истодагарӣ мекунем”.

“Толибонро дигарбора шикаст дода, аз сари қудрати Афғонистон дур мекунем. Ду соли ғаддорӣ нишон дод, ки Толибон дигар нашудаанд ва ҳамоно ҳуқуқи занону мардони Афғонистонро поймол мекунанд", – афзуд сафир.

Гуфтан ба маврид аст, ки гурӯҳи Толибон дар давраи ҳокимияташон кори занон ва таҳсили духтаронро манъ кардаанд. Ин монеагузории онҳо вокунишҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба миён овардааст, вале ҳамоно онҳо аз раъйи худ намегарданд.

Ёдовар мешавем, ки ду соли қабл, 15-уми августи соли 2021, гурӯҳи Толибон ҳукумати Афғонистонро ғасб карда, ба сари қудрати ин кишвар нишастанд.

Аммо бо гузашти ду сол ҳукумати ин гурӯҳ то ба ҳол аз сӯи ҳеҷ кишвар ба расмият шинохта нашудааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.