Шахсе, ки 2,5 млн сомонӣ пули ширкати “Омега-фудс”-ро дар автомашина оташ зад, боздошт шуд

Кормандони милитсияи Душанбе Муҳаммадшариф Ҷӯраеви 39-соларо, ки ба оташзании пулҳои нақди ширкати “Омега-фудс” ба маблағи ҳудуди 2,5 млн сомонӣ дар автомашинаи шахсиаш гумонбар дониста мешавад, боздошт намуданд. Гузориш дар ин бора дар барномаи махсуси ВКД “Ахбори ВКД” намоиш дода шуд. Дар гузориш гуфта мешавад, Ҷӯраев ҳангоми кор дар ширкат вазифадор мешавад, ки 3,5 млн сомонӣ […]

Кормандони милитсияи Душанбе Муҳаммадшариф Ҷӯраеви 39-соларо, ки ба оташзании пулҳои нақди ширкати “Омега-фудс” ба маблағи ҳудуди 2,5 млн сомонӣ дар автомашинаи шахсиаш гумонбар дониста мешавад, боздошт намуданд. Гузориш дар ин бора дар барномаи махсуси ВКД “Ахбори ВКД” намоиш дода шуд.

Дар гузориш гуфта мешавад, Ҷӯраев ҳангоми кор дар ширкат вазифадор мешавад, ки 3,5 млн сомонӣ маблағро ба бонк гузаронад. Аммо, тибқи фарзияи пешакии тафтишот, қисмате аз ин пулҳо – ҳудуди 1 млн сомониашро ӯ ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.

“Бо мақсади пинҳон кардани ҷинояти худ, ӯ ба маблағи боқимонда- ҳудуди 2,5 млн сомонӣ, ки дар дохили халтаҳо дар автомашинааш буданд, бензин рехта, онҳоро оташ мезанад”, – зикр мешавад дар гузориш.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса рӯзи 1 август дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, мақсади оташзании пулҳо ташкил кардани намуди зоҳирии бардурӯғ будааст: яъне гӯё ҳамаи пулҳо – 3,5 млн сомонӣ ҳангоми сӯхтор бо сабабҳои техникӣ нобуд шудаанд.

Зимни гузориш зикр мегардад, ки дар ҷараёни тафтишот Муҳаммадшариф Ҷӯраев ба гуноҳи худ иқрор шудааст.

Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 255, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Барқасдона нобуд кардани амвол) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, дар сурати тасдиқи гуноҳ, ба ӯ ҷаримаи калон ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.