Президентҳои панҷ давлати Осиёи Марказӣ дар Душанбе мулоқот мекунанд

Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ рӯзҳои 14-15-уми сентябр бори панҷум дар шаҳри Душанбе бо ҳам мулоқот мекунанд. Дар ин бора дирӯз, 15-уми август, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи вазир, ин нишасти сатҳи баланд таҳти раёсати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад ва ҳоло онҳо барои ин вохӯрӣ ҳамаҷониба […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ рӯзҳои 14-15-уми сентябр бори панҷум дар шаҳри Душанбе бо ҳам мулоқот мекунанд. Дар ин бора дирӯз, 15-уми август, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вазир, ин нишасти сатҳи баланд таҳти раёсати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад ва ҳоло онҳо барои ин вохӯрӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд.

“Бо мақсади дар сатҳи баланд ва шоиста баргузор намудани ин нишаст мо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамкории доимӣ қарор дошта, ҳаматарафа омодагӣ мегирем”, – таъкид кард Сироҷиддин Муҳриддин.

Вазир иброз дошт, ки дар ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои он як баста санадҳо ба имзо хоҳанд расид, ки муҳимтарини он Эъломияи ҷамъбастии сарони давлатҳо ҳисобида мешавад.

Инчунин, гуфта мешавад, дар Душанбе ду созишномаи муҳим дар соҳаҳои нақлиёти заминӣ ва сиёсати ҷавонон ба имзо мерасанд. Ҳамзамон, дар дигар соҳаҳо имзои санадҳо дар назар аст.

“Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод намудааст, ки дар ҳошияи ҷаласаи панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 12 чорабинии канорӣ гузаронида шавад. Баргузории форуми иқтисодӣ, форуми олимон, мулоқоти занони фаъол, барномаи фарҳангӣ ва намоишгоҳи таомҳои миллии панҷ давлати минтақа аз ҳамин ҷумла аст”, – гуфт вазири корҳои хориҷа.

Дар ин баробар, дар Душанбе баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳоло Тоҷикистон раисии ин Фонди байналмилалиро ба ӯҳда дорад ва дар чаҳорчӯбаи ин ҷаласа якчанд қарорҳои ниҳоят муҳим бояд дар Душанбе ба имзо расанд.

Дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бар замми мизбони он, иштироки раисиҷумҳурҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар назар аст.

Бояд гуфт, ки мулоқоти чоруми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ахиран дар Қирғизистон баргузор гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин маротиба соли 2018 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардида, минбаъд соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, соли 2021 дар шаҳри Авазаи Туркманистон ва соли 2022 дар шаҳри Чолпон – Отаи Қирғизистон сурат гирифта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио