Даргириҳои нав миёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Толибон

Зимни ҳамлаи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон ба қароргоҳҳои гурӯҳи Толибон* дар вилояти Каписо 5 ҷангҷӯи ин гурӯҳ  кушта ва захмӣ шудаанд. Намояндагони Ҷабҳа 20-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки нерӯҳои онҳо шаби гузашта дар вулусволии Кӯҳистон ба қароргоҳи ҷангҷуёни Толибон ҳамла кардаанд. Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи ин ҳамла 3 нерӯи Толибон кушта […]

Таҳияи Алимшоҳ Меҳрзода

Зимни ҳамлаи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон ба қароргоҳҳои гурӯҳи Толибон* дар вилояти Каписо 5 ҷангҷӯи ин гурӯҳ  кушта ва захмӣ шудаанд.

Намояндагони Ҷабҳа 20-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки нерӯҳои онҳо шаби гузашта дар вулусволии Кӯҳистон ба қароргоҳи ҷангҷуёни Толибон ҳамла кардаанд.

Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи ин ҳамла 3 нерӯи Толибон кушта ва 2 нафари дигар захмӣ шудаанд.

“Дар ин ҳамла, ки ним соат идома кард ва дар он аз мушакпаррон низ истифода шуд, як воситаи низомии душман низ нобуд карда шуд”, – афзудааст як намояндаи Ҷабҳа.

Намояндагони расмии Толибон то ҳол ин иддаои узви Ҷабҳаро рад ё тасдиқ накардаанд.

Ҷабҳаи муқовимат дар идома навиштааст, ки нерӯҳои онҳо баъди ворид кардани талафот ва хисорот ба душман ба мавқеъҳои худ баргаштанд ва ба онҳо зарар нарасидааст.

Бояд гуфт, ки нерӯҳои Ҷабҳа дар Каписо вақтҳои охир ба мавқеъҳои душман якчанд маротиба ҳуҷум кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар набардҳои нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон дар Бадахшон 45 ҷангҷӯи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.

Ҷабҳаи муқовимат гуфтааст, ки 12 рӯз пеш Толибон ба мавқеъҳои нерӯҳои Ҷабҳа дар шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон ҳамлаҳои густарда ва ваҳшиёна анҷом додаанд, ки ба муқовимати нерӯҳои Ҷабҳа дучор шудаанд.

Дар ин набардҳо аз ҷониби нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат 18 ҷангҷуи Толибон кушта ва 27 нафари дигар захмӣ шуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар Тобистони соли 2021 таъсис ёфт. Роҳбарии он айни замон ба зиммаи Аҳмад Масъуд, писари Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд аст. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.