Имсол “Дарси сулҳ” дар Данғара баргузор мешавад

Date:

Имсол раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дарси сулҳ”-ро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Данғара мегузаронад. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки имсол “Дарси сулҳ” ё оғози соли нави таҳсил, рӯзи ҷумъаи 1-уми сентябр баргузор мешавад ва қарор аст, ки дар он рӯз Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара бинои нави донишгоҳро расман ифтитоҳ кунад.

“Сараввал раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ба истифода дода, баъдан бо омӯзгорон ва хонандагони ин муассисаи олӣ мулоқот мекунанд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин мулоқот Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар ҳам ширкат мекунад.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон яке аз донишгоҳҳои навтаъсис буда, дар шаҳри Данғара воқеъ аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистион, ки пас аз анҷоми сохтмон ифтитоҳ мешавад.

Ин муассисаи олӣ соли 2016 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфтааст,  3 факултет дорад ва ҳудуди 2 ҳазор нафар донишҷӯён дар риштаи тиб ин ҷо таҳсил мекунанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамасола Рӯзи дониш – 1-уми сентябр дар Тоҷикистон бо “Дарси сулҳ” оғоз меёбад. Дар ин дарс устодону шогирдон суханронии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро гӯш мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 “Дарси сулҳ”-и Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...