“Бештар аз 700 ҳазор сомонӣ зарар”. Дар Душанбе қаллобе бо як роҳ ду нафарро фиреб додааст

Як қаллоб дар шаҳри Душанбе аз ду шаҳрванд 5 мошини гаронарзишро тариқи ғайринақдӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз гирифта, дар ҷамъ ба онҳо бештар аз 700 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, қаллоб сокини шаҳри Ваҳдат буда, 37 сол доштааст ва рӯзи 3-юми июн дар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Як қаллоб дар шаҳри Душанбе аз ду шаҳрванд 5 мошини гаронарзишро тариқи ғайринақдӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз гирифта, дар ҷамъ ба онҳо бештар аз 700 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, қаллоб сокини шаҳри Ваҳдат буда, 37 сол доштааст ва рӯзи 3-юми июн дар кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб аз як марди 50-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ду мошин харидорӣ кардааст.

“Фиребгар ба боварии мард даромада, аз ӯ автомашинаҳои тамғаи “Лексус-350” ва “Тайота-Камри”-ро ҷамъ ба маблағи 295 ҳазор сомонӣ тариқи ғайринақдӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз гирифта, то ҳол маблағҳояшро барнагардонидааст”, – омадааст дар хабар.

Баъд аз ин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ рӯзи 26-уми июн дар назди бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе ба боварии марди 36-солаи сокини шаҳри Ҳисор даромада, ӯро низ фиреб додааст.

“Гумонбаршаванда аз сокини шаҳри Ҳисор автомашинаҳои тамғаҳои “БМВ”, “Тайота-Камри” ва “Опел-Вектра”-ро ба маблағи 443 ҳазор сомонӣ тариқи ғайринақдӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз гирифта, маблағҳояшро барнагардонидааст”, – менависад ВКД.

Ин гумонбаршаванда дар ҷамъ ба ду шаҳрванди дигар 738 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Ҳоло маълум нест, ки гумонбаршаванда бо кадом моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор шудааст.

ВКД гуфтааст, ки оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ