Имсол “Дарси сулҳ” дар Данғара баргузор мешавад

Имсол раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дарси сулҳ”-ро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Данғара мегузаронад. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Манбаъ гуфт, ки имсол “Дарси сулҳ” ё оғози соли нави таҳсил, рӯзи ҷумъаи 1-уми сентябр баргузор мешавад ва қарор аст, ки дар он рӯз Эмомалӣ Раҳмон […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имсол раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дарси сулҳ”-ро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Данғара мегузаронад. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки имсол “Дарси сулҳ” ё оғози соли нави таҳсил, рӯзи ҷумъаи 1-уми сентябр баргузор мешавад ва қарор аст, ки дар он рӯз Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара бинои нави донишгоҳро расман ифтитоҳ кунад.

“Сараввал раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ба истифода дода, баъдан бо омӯзгорон ва хонандагони ин муассисаи олӣ мулоқот мекунанд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин мулоқот Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар ҳам ширкат мекунад.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон яке аз донишгоҳҳои навтаъсис буда, дар шаҳри Данғара воқеъ аст.

Ин муассисаи олӣ соли 2016 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфтааст,  3 факултет дорад ва ҳудуди 2 ҳазор нафар донишҷӯён дар риштаи тиб ин ҷо таҳсил мекунанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамасола Рӯзи дониш – 1-уми сентябр дар Тоҷикистон бо “Дарси сулҳ” оғоз меёбад. Дар ин дарс устодону шогирдон суханронии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро гӯш мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 “Дарси сулҳ”-и Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.