Кумитаи тафтишот ҳалокати Евгений Пригожинро тасдиқ кард

Натиҷаи ташхисҳои молекулярӣ-генетикӣ нишон доданд, ки шахсияти ҳалокшудагон бар асари суқути ҳавопаймо дар вилояти Твер ба рӯйхат дар варақаи парвоз мувофиқанд, хабар медиҳад Кумитаи тафтишот. Тавре ки ВВС менависад, ба ин тариқ Кумитаи тафтишот марги муассиси Ширктаи хусусии ҳарбии “Вагнер” Евгений Пригожин ва фармондеҳи он Дмитрий Уткинро тасдиқ мекунад. Натиҷаҳои ташхис шахсияти 10 нафар ҳалокшудагонро, […]

Asia-Plus

Натиҷаи ташхисҳои молекулярӣ-генетикӣ нишон доданд, ки шахсияти ҳалокшудагон бар асари суқути ҳавопаймо дар вилояти Твер ба рӯйхат дар варақаи парвоз мувофиқанд, хабар медиҳад Кумитаи тафтишот.

Тавре ки ВВС менависад, ба ин тариқ Кумитаи тафтишот марги муассиси Ширктаи хусусии ҳарбии “Вагнер” Евгений Пригожин ва фармондеҳи он Дмитрий Уткинро тасдиқ мекунад.

Натиҷаҳои ташхис шахсияти 10 нафар ҳалокшудагонро, ки дар ҳавопаймо қарор доштанд, тасдиқ карданд. Мувофиқи рӯйхати Росавиатсия, дар ин ҳавопаймо 7 нафар мусофирон ва 3 сарнишини он қарор доштанд.

Аз мусофирон ному насаби Сергей Пропустин, Евгений Макарян, Александр Тотмин, Валерий Чекалов, Дмитрий Уткин, Николай Матусеев ва Евгений Пригожин, аз саринишинон – Алексей Левшин, Рустам Каримов ва Кристина Распопова зикр шудаанд.

Қаблан дар бораи марги Евгений Пригожин ва Дмитрий Уткин бо сабаби дугоникҳо ва шиносномаҳои қалбакӣ догштани онҳо шубҳаҳо вуҷуд дошт.

Ёдрас мекунем, ки ҳавопаймои Embraer Legacy 600, ки рӯзи 23 август аз Маскав ба самти Петербург парвоз карда буд, дар фазои вилояти Твер ба садама дучор шуда, қисматҳои ҷудошудаи он дар мавзеи 2,5 километр дуртар аз ҷойи садама дарёфт шуданд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, Кумитаи тафтишотӣ ҳанӯз омилҳои аслии суқути ҳавопайморо эълон накардааст, аммо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои ҷаҳонӣ фарзияҳои мухталифе дар ин бора садо медиҳанд.

Гуфта мешавад, бисёре аз таҳлилгарони ғарбӣ ба даст доштани Ҳукумати Русия дар марги Пригожин ишора мекунанд.

Кремл ин иддаоҳоро рад мекунад. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия сару садоҳо дар бораи даст доштани Кремл дар суқути ҳавопаймо ва марги Евгений Пригожинро "як дурӯғи комил" номид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.