Дар интизори мактаб: аз гузоштани санги асос барои сохтмони мактаб дар Восеъ се сол гузашт

Модоме имрӯз миллионҳо кӯдакон бо ҳавас ба мактабҳо рафта ба соли хониши нав шурӯъ мекунанд, бархе аз хонандагон дар орзуи мактаби наванд. 240 талаба – сокинони деҳаи Ибрати Боло (ба қавли мардум деҳаи Шашхона)-и ноҳияи Восеъ – се сол боз интизори мактаби наванд. Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2020 зимни сафари кориаш президент Эмомалӣ Раҳмон барои […]

Asia-Plus

Модоме имрӯз миллионҳо кӯдакон бо ҳавас ба мактабҳо рафта ба соли хониши нав шурӯъ мекунанд, бархе аз хонандагон дар орзуи мактаби наванд.

240 талаба – сокинони деҳаи Ибрати Боло (ба қавли мардум деҳаи Шашхона)-и ноҳияи Восеъ – се сол боз интизори мактаби наванд.

Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2020 зимни сафари кориаш президент Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони муассиса санги асос гузошта буд. Сохтмон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз гардида буд.

Вале пас аз деҳа рафтани меҳмони олимақом, сохтмон ба таъхир афтод. Тобистони ҳамин сол кадом як ширкате корро дар иншоот шурӯъ намуда, таҳкурсӣ ҳам кофт, вале боз бедарак шуд.

Кӯдакони ин деҳа дар куҷо таълим мегиранд ва бо кадом мушкилот дучоранд? Барои дарёфти маълумоти бештар дар ин хусус аз тамошои ин гузориши видеоӣ баҳравар шавед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.