Эмомалӣ Раҳмон бо президенти JICA масоили кумакҳои минбаъда ба Тоҷикистонро баррасӣ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 август президентии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танакаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо ташкилоти мазкур дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ карда шуд. Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон, аз сатҳи ҳамкории ҷонибҳо дар бахшҳои […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 август президентии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танакаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо ташкилоти мазкур дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ карда шуд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон, аз сатҳи ҳамкории ҷонибҳо дар бахшҳои гуногун, хусусан барои мусоидат дар бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба таъмини оби нушокӣ, беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётию роҳҳои мошингард, авиатсия, ҳифзи саломатии модару кӯдак, рушди соҳаҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ, энергетика ва идоракунии сарҳади давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

“Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар самтҳои дигари афзалиятнок ва амалисозии ҳадафҳои стратегии давлати мо дар доираи Барномаи кишварии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ изҳор доштанд”, – омадааст дар хабар.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои беҳсозии фазои соҳибкорӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани рақобатнокии кишвар, рушди инфрасохтори саноат ва содирот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби маблағҳо барои андешидани чораҳо оид ба пешгирии офатҳои табиӣ, коҳиш додани таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ҷиҳати омода кардани мутахассисон ва хизматчиёни давлатӣ дар самтҳои мухталифи идоракунӣ, молия, бонкдорӣ, сайёҳӣ, роҳсозӣ, энергетика ва дигар соҳаҳо ҳамчун афзалияти муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.