Кумаки мақомот ба сокинони аз офат осебдидаи шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ

Дар доираи Ҳамкории байналмилалӣ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо дастгирии шарикони байналмилалӣ аз рӯзҳои аввали офати табиӣ ба аҳолии осебдида бо маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ мунтазам кумак расонида мешавад. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, охири ҳафтаи гузашта Кумита дар ҳамдастӣ бо шарикони байнулмилалӣ ва супориши президент ба 446 хонаводаи ҷамоатҳои деҳоти […]

Asia-Plus

Дар доираи Ҳамкории байналмилалӣ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо дастгирии шарикони байналмилалӣ аз рӯзҳои аввали офати табиӣ ба аҳолии осебдида бо маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ мунтазам кумак расонида мешавад.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, охири ҳафтаи гузашта Кумита дар ҳамдастӣ бо шарикони байнулмилалӣ ва супориши президент ба 446 хонаводаи ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ваҳдат ва 90 хонаводаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз сели рӯзҳои 27-28 август осеб диданд, кумак карданд.

“Бо шарофати вокуниши фаврӣ ва ташкили возеҳи ҳамкориҳо бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист, Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ дар кишвари мо ва созмони ҷамъиятии «Дили хайрхох» ба аҳолии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, саривақт кӯмак расонида шуд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Бино ба маълумоти КҲФ, ин кумак аз маводи ғизоӣ, маводи ниёзи аввалия, кӯрпаву бистари хоб, бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои нигоҳдории об, лавҳаҳои поксозии оби ошомиданӣ иборат буда, бо ёрии техникаи махсуси КҲФ ба ҷамоати деҳоти шаҳрҳои Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ расонида шуд.

Гуфта мешавад, айни замон корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кӯмаки минбаъда ба дигар деҳоту ҷамоатҳои зарардида таҳти назорати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода идома доранд.

Ёдрас мекунем, ки боришоти шадиди рӯзҳои 27-28 август дар Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ боис гардида, бар асари ин ҳодисаҳо 21 нафар ҳалок шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.